Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Файзобод: Саидов чашмаро ғайриқонунӣ ба хонааш овардааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти ноҳияи Файзобод дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ дар бораи «хусусӣ» кардани як чашма дар ин ноҳия гуфтанд, ки ин мард «ғайриқонунӣ» оби чашмаро ба хонааш овардааст.

Сафарбек Нурзода, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Файзобод рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Нуралӣ Саидов, сокини деҳаи Қошқарӣ, ки оби ин чарогоҳро бо қубур ба хонааш овардааст, аз мақомоти ноҳия ҳуҷҷат надоштааст.

Сафарбек Нурзода гуфт, «даъвои Нуралӣ Саидов дар бораи он ки аз раиси ноҳия барои овардани оби чашма иҷозат гирифта бошад, асос надорад. Мақомот ба вай иҷозат надодаанд. Аз ин хотир метавонем гӯем, ки ягон чашмаро хусусӣ накардаанд. Ҳатто раиси ноҳия ҳам то нашри матлаби радиои Оодӣ дар ин хусус, аз овардани оби чашма хабар надошт.»

Ба гуфтаи масъулони ҳукумати Файзобод, баъд аз нашри матлаби Озодӣ аз 8 май зери унвони «Дар Файзобод чашмаро "хусусӣ" карданд» масъулони ҳукумати ин ноҳия аз деҳаи Қошқарӣ дидан кардаанд ва маълум гардидааст, ки Нуралӣ Саидов барои овардани оби чашма, ки мегуфт, аз раиси ноҳия иҷозат гирифтааст ва ҳам даъвои онки барои сафари Ҳаҷ ба назди раиси ноҳия рафта бошад, асосе надоштааст. Масъулони ҳукумати Файзобод мегӯянд, ки дар салоҳияти раиси ноҳия нест, ки як нафарро шифоҳӣ чунин иҷозат диҳад.

Аммо Нуралӣ Саидов, ки низ рӯзи 12 май ба дафтари Радиои Озодӣ ба Душанбе омад, мегӯяд, ки аз Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар деҳаи Қошқарии ноҳияи Файзобод иҷозат гирифтааст. Дар ду ҳуҷҷате, ки Нуралӣ Саидов дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, яке аризаи худи ӯ ба номи раиси Асотсиатсияи истифодабарандагони об ва дигаре ташхиси об аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист аст. Дар зери аризае ба номи ин ниҳоди ҷамъиятии истифодабарандагони об раиси деҳаи Қошқарӣ бо муовинаш ва чанд тан аз аъзои хоҷагии деҳқонии Нуралӣ Саидов имзо гузоштаанд. Аммо оқои Саидов ҳозир нашуд, то қарореро, ки барои овардани оби чашма содир шуда бошад, дар ихтиёри Озодӣ бигузорад.
«Ман оби чашмаро овардам, чунки мехостам, як кори хайр кунам. Он нафароне, ки аз ин кор розӣ нестанд, ба ман туҳмат мекунанд,» - исрор меварзад Саидов.

Оби чашма аз чарогоҳи деҳаи Қошқарии ноҳияи Файзободро ба хонааш овардани Нуралӣ Саидов боиси норозигии бахше аз сокинони деҳа шудааст. Онҳо мегӯянд, ин чашма танҳо манбаи таъмини об барои чорвои мардум буд ва набояд аз тарафи касе "хусусӣ" карда шавад. Аммо Нуралӣ Саидов мегӯяд, мақсад аз оварданаш «танҳо кори хайр кардан буд». Вай гуфт, ки алакай як нуқтаи обро барои бунгоҳи тиббӣ ва истифодаи сокинон дар кӯча баровардааст ва ҳамчунин се ҳамсояи худро бо оби ин чашмаи овардааш таъмин мекунад.
Исматулло Саидзода, як сокини деҳаи Қошқарӣ, ки худро ҳамсояи Нуралӣ Саидов ном бурд.
Исматулло Саидзода, як сокини деҳаи Қошқарӣ, ки худро ҳамсояи Нуралӣ Саидов ном бурд.
Исматулло Саидзода, як сокини деҳаи Қошқарии Файзобод, ки худро ҳамсояи Нуралӣ Саидов ном бурд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сокинони деҳа ибтидо барои овардани оби чашма розӣ будаанд. Аммо даъвои чанде аз сокинонро "муғризона" медонад.

Ин дар ҳолест, ки чанде аз сокинони ин деҳа ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои овардани ин оби чашма розигӣ надодаанд, аммо бо ин вуҷуд Саидов Нуралӣ ин корро кардааст.

Зимнан, ба гуфтаи сокинони деҳаи Қошқарии ноҳияи Файзобод, 45-километрии шарқи пойтахт, дар чарогоҳи ин деҳа ду чашмаи табиӣ мавҷуд аст, вале оби танҳо як чашмааш соф ва қобили нӯшидан будааст. Сокинони ин деҳа мегӯянд, оби чашмаи дувум лой аст ва ҳатто чорво ҳам аз он набояд бинӯшад.

Аммо нафаре, ки оби чашмаи дувумро ба хонааш овардааст мегӯяд, оби чашмаи боқимонда қобили истифодаи ҳам мардум ва ҳам чорво аст.
XS
SM
MD
LG