Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар намози Иди Қурбон (Азҳо) сокинонро ба ҳифзи субот дар кишвар даъват кард. Ӯ гуфт, ки "ҳар кадоми мо бо амали накӯ бояд барои таъмини суботу амният ва оромии кишвар саҳмгузор бошем."
Намози имсолаи Иди Қурбон дар масҷидҳои Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон соати ҳафти субҳи 12-уми сентябр таҳти чораҳои шадиди амниятӣ гузошта шуд. Бино ба иттилои манобеи мо, мақомоти интизомӣ кӯдакони то 18-соларо ба намоз роҳ надода, дар намози Иди Қурбон дар масҷиди марказии Душанбе намояндаҳои мақомот иштироку суханронӣ накардаанд.
Дар намозҳои гузаштаи Иди Қурбон дар масҷиди марказии Душанбе раҳбарияти Кумитаи дин, шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ё муовинони ӯ иштирок ва суханронӣ мекарданд. Дар намози Иди Рамазон низ мақомоти Душанбе ва Тоҷикистон иштирок надоштанд.
Вале як рӯз пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми телевизионӣ сокинонро ба ин ид табрик гуфта, дар баробари кумак ба дармондагону маъюбон аз ҷангҳо дар Ховари Миёна ва баъзе кишварҳои дигари ҷаҳон низ ёдоварӣ кард. Ӯ гуфт, "дар замони муосир, ки дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ҷангҳои хунин идома доранд ва гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо амалҳои ваҳшиёнаи худ ба номи ислом иснод меоранд, идомаи корҳои неку хайр аз тарафи мусулмонон, аз ҷумла мардуми мо ба таҳкими ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар байни афроди ҷомеа ва тақвияти сулҳу субот дар кишвар мусоидат мекунад."
Гузориши видеоӣ инҷост:
Иди Қурбон дар Тоҷикистон аз солҳои навадуми қарни гузашта ба ин сӯ ба унвони рӯзи истироҳат эълон шуда, сокинон бо оростани дастархон ва афроди тавоно бо сар буридани гову гӯсфанд ва буз ин идро таҷлил мекунанд. Хурсандии бештарро дар рӯзи Иди Қурбон кӯдакон доранд, ки субҳи барвақт ё, ба қавли мардум, ҳанӯз чашми рӯз накафида, ба дари ҳамсояҳову наздикони худ мераванд ва идӣ мехоҳанд.
Аксҳои бештар:
Ахиран Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз ташаббускорони аслии чопи феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, иди Қурбонро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар Тоҷикистон шомил карда ва гуфт, ки қаламрави таҷлили ин ид чандон густурда нест. Ба иддаои муаллифони феҳрист, ин ид дар минтақаҳои Суғду Хатлон ва водии Ҳисор таҷлил шуда, дар ин рӯз "ашхоси сарватманд ба қурбоникунӣ машғул мешаванд, яъне гӯсфандеро забҳ мекунанду аз он таом тайёр мекунанд ва дигарон рафта тановул мекунанд."
Вале, ба навиштаи муаллифон, иди Рамазон дар қатори ҷашнҳои фаъол дар кишвар аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Иди Рамазон ва Қурбон аз солҳои навадум боз дар Тоҷикистон расман таҷлил шуда, ин рӯзҳо дар кишвар истироҳат эълон шудааст.