Дар пайи ҳамлаҳои маргбори рӯзи якшанбе дар ду калисои қибтӣ дар Миср, ки боиси кушта шудани 44 нафар шуд, раиси ҷумҳури он кишвар барои се моҳ вазъияти фавқулодда эълон кард.
Дар таркишҳои рӯзи якшанбеи 9 апрел дар яке аз калисоҳои масеҳиёни қибтӣ дар шаҳри Танто ва дигаре дар шаҳри Искандария, ҳадди ақал 44 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд. Шоми рӯзи гузашта гурӯҳи "Давлати исломӣ" эълом кард, ки афроди ин гурӯҳ ин ҳамларо анҷом додаанд.
Дар ду ҳамлаи маргбори рӯзи якшанбе дар ду калисои қибтӣ дар шаҳрҳои Танто ва Искандарияи Миср 44 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Раиси ҷумҳури Миср акнун хостори афзоиши шумораи сарбозон ва нерӯҳои амниятӣ дар атрофи биноҳои давлатӣ ва ҳассос ва низ калисоҳо шудааст. Раиси ҷумҳури Миср дар паёми телевизионии худ гуфтааст, ки "ҷанг бо ифротгароён тӯлонӣ ва сахт хоҳад буд". Ӯ гуфтааст, ки вазъияти фавқулодда пас аз таъйиди порлумон ба ҳолати иҷро хоҳад даромад. Порлумони Миср ҷонибдори ҳукумати Абдулфаттоҳи Сисӣ -- президенти он кишвар мебошад.
Дар таркиши шаҳри Танто дар 100-километрии Қоҳира --пойтахти Миср 25 нафар кушта ва ҳудуди 75 тани дигар захмӣ шуданд. Таркиши дувум дар як калисо дар шаҳри Искандария рух дода ва ба гуфтаи вазорати умури дохилии Миср, он як ҳамлаи интиҳорӣ буда ва шуморе аз афсарони баландпояи пулис кушта шудаанд.
Ҳамлакунандаи интиҳорӣ талош дошт, ки худро ба дарвозаи вурудии калисо бирасонад, аммо пулис монеи ворид шудани ӯ ба дохил шудааст. Калисое, ки дар Искандария ҳадафи ҳамла қарор гирифт, як макони таърихӣ ва ҷои ҳузури попи қибтиҳои Миср аст.
Масеҳиён 10 дарсади аҳолии Мисрро ташкил медиҳанд. Таркишҳои ахир як ҳафта пеш аз оғози маросими Иди Пок -- аз муҳимтарин маросимҳои динии масеҳиён рух дод. Инчунин қарор аст Поп Франсис -- раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзҳои 28-29 апрел ба Миср сафар кунад.
Ҳамлаҳои интиҳорӣ ва куштори ғайринизомиён ва низ ақаллиятҳо дар Миср ба дасти гурӯҳҳои ифротӣ дар гузашта низ рух додааст. Дар маросими Соли нави мелодӣ, соли 2011 дар як таркиш дар як калисои шаҳри Искандария 22 нафар кушта шуданд.
Соли гузашта низ дар як калисо дар Қоҳира наздик ба 300 нафар кушта ва захмӣ шуданд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти маҷмӯае аз қатлҳо алайҳи масеҳиён дар нимҷазираи Синоро ба ӯҳда гирифтааст.