Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зилзилаи Эрон беш 336 нафар ҷон бохтанд. ВИДЕО


Шаби гузашта бар асари заминларзаи 7,2-дараҷаӣ дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарби Эрон, даҳҳо нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гузориши хабаргузориҳо, заминларза дар Ҳамадон, Занҷон, Табрез ва чанд шаҳри дигари Эрон ва ҳамчунин бархе аз минтақаҳои Ироқ ва кишварҳои дигар, эҳсос шудааст.

Омори ниҳоии қурбониён ва захмиҳои ин заминларза ҳанӯз мушаххас нест ва мумкин аст дар соатҳои оянда афзоиш ёбад. Дар ҳоли ҳозир мақомоти устон ё вилояти Кирмоншоҳ гуфтаанд, ки шумораи қурбониён ба 336 нафар расидааст. Бино ба гузоришҳо, 5900 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузориҳо, заминларза дар Ҳамадон, Занҷон, Табрез ва чанд шаҳри дигари Эрон ва ҳамчунин бархе аз минтақаҳои Ироқ ва кишварҳои дигар низ эҳсос шудааст.

Аксари ҷонбохтаҳо ва захмиҳо аз се шаҳри Қасри Ширин, Сарпули Заҳаб ва Бобоҷонӣ, мебошанд. Бар пояи ҳамин гузоришҳо, бештари афроде, ки ҷони худро аз даст додаанд, сокинони Сарипули заҳаб Зб буданд. Маркази тандурустии ин минтақа низ дар пайи зилзила вайрон шудааст ва осебдидагон ба Қасри Ширин интиқол дода шудаанд. Вазири умури дохилии Эрон гуфтааст, "бинобар зиёд будани шумораи захмиҳо, дастур дода шудааст, то бемористонҳои саҳроӣ дар минтақа ба фаъолият оғоз кунад"

Ин заминларза чандин пасларзаҳои дигарро дар пай доштааст. Ин пасларзаҳо дар минтақаҳои ғарбии Эрон бо иловаи он, ки хисороте дар пай дошт, ҳамчунин сабаб шуд то бисёре аз шаҳрвандон дар шаҳрҳо ва минтақаҳое, ки зилзила эҳсос шудааст, хонаҳои худро тарк карда ва ба кӯчаҳо бираванд.

Дар ин ҳол, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва президенти он кишвар дар дастурҳои алоҳида хостори кӯмакрасонӣ ба зилзилазадагон шуданд. Оятуллоҳ Хоманаӣ зимни тасаллияти ин ҳодиса, эълом кард, ки "ҳама ниҳодҳои низомӣ ва ғайриномӣ бо ҳама ҳиммат ва имконот ба ёрии осебдидагон бишитобанд."

Дар ин миён, субҳи рӯзи душанбе ҷаласаи визаи Ҳасани Рӯҳонӣ бо вазирони масъул ва ниҳодҳои кӯмакрасон дар ин бора баргузор шуд. Ӯ дар як дастур, муовини аввали худро вазифадор кардааст, "ҳама имкониятҳои кишварро барои наҷоти ҳамватанони гирифтори зери вайронаҳо ва ҳамчунин расонидани кӯмаки комил ба захмиҳо, сафарбар кунанд.

Заминларза дар марзи Эрону Ироқ ҳаёти беш аз 160 нафарро аз байн бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Алиасғар Пайвандӣ, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ба хабаргузории расмии Эрон гуфтааст, тимҳои ин ниҳод ба минтақаҳои зилзилазада фиристода шуданд. Раиси вилояти Кирмоншоҳ ҳам гуфтааст, 28 чархбол ба минтақаҳои осебдида фиристода шудаанд ва берун овардани ҷасадҳо аз зери вайронаҳо оғоз шудааст.

Раиси Созмони имдод ва наҷоти он кишвар дар лаҳзаҳои аввали ин ҳодиса гуфтааст, беш аз 730 тан аз нерӯҳои кӯмакрасон дар минтақа фаъол ҳастан ва корҳои асосии кӯмакрасонӣ ва наҷот анҷом шудааст. Аз сӯи дигар, вазири умури дохилии Эрон гуфтааст, бинобар торикии шаб, имкони парвози чархболҳо нест ва бархе роҳҳо баста шудааст. Вай гуфтааст, ки дар мавриди бархе аз рустоҳо нигаронӣ доранд, зеро бинобар торикии шаб, дастрасӣ ба ин минтақаҳо мушкил аст.

Тибқи гузоришҳо, дар пайи ҳодиса, барқи шаҳри Қасри Ширин қатъ шудааст. Аммо масъулони ин шаҳр гуфтанд, "барқ васл шудааст". Дар ҳамин ҳол, масъулини ин вилоят мегӯянд, об дар минтақаҳои зилзилазада қобили нӯшидан нест. Расонаҳои хабарӣ дар Эрон мегӯянд, пешбинӣ мешавад ҳафтод ҳазор нафар ниёз ба ҷои зисти муваққат дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG