Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти муқовимат ба пулшӯӣ дар Душанбе


Ин лаҳзаҳо дар толори меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси” –и шаҳри Душанбе нишасти Гурӯҳи Авросиё дар мавриди муқовимат ба пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм оғоз ба кор кард.

Дар кори ҳамоиши байналмилалии муқовимат бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм, ки рӯзи 12 ноябр дар Душанбе оғоз ёфт, беш аз 140 нафар намояндагон ва роҳбарони мақомотҳои кашшофии молиявии давлатҳои аъзои Гуруҳи Авросиё ва намояндагони давлатҳои нозир ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат доранд ва масоили муҳими марбут ба ҳамоҳангии кишварҳо дар ҷиҳати муқовимат ба пулшӯӣ ва маблағгузории терроризмро маврид баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои Бонки Миллии Тоҷикистон ду рӯзи ахир коршиносони Гурӯҳи Авруосиё дар мавриид муқовимат алайҳи пулшӯӣ ва маблағгузории тероризм дар нишастҳои ҷудогона намояндагон аз кишварҳои аъзои ин Гуруҳ, аз ҷумла Белорус, Қазоқистон, Қириғизистон, Руссия, Туркманистон, Узбекистон, Чин, Ҳинд ва Тоҷикистон, 16 давлати мушоҳидони ин гурӯҳ - Арманистон, Афғонистон, Лаҳистон, Украина, Фаронса ва ғайра ширкат карданд. Ба иттиллои Бонки Миллӣ дар ҷараёни баргузории ин ҷаласаҳо гузориши намояндагони як қатор кишварҳо дар маврид корҳои иҷрошуда дар ин ҷода мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳогузорӣ шуданд.

Баргузории нишасти Гурӯҳи Авросиё дар мавриди муқовимат ба пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки ахиран Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳое, ки таҳти назорати вижаи ин созмон қарор доштанд, берун овардааст.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, FATF (Financial Action Task Force), як ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул, Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳои таҳти назораташ берун кардааст. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 28 октябр хабар дод, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба зинаи баландтар баромад.”

Бино бар ин манбаъ, FATF (Financial Action Task Force), Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул, ҳанӯз рӯзи 24 октябр дар ҷаласаи планериаш дар Пориси Фаронса қарор кардааст, ки "бинобар пурра мутобиқ гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои FATF ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо, Тоҷикистон аз реҷаи мониторинг бароварда шуда, ба қатори кишварҳое, ки комилан ба талаботҳои ин ташкилот ҷавобгӯ ҳастанд, ворид карда шуд.“

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ба дунбол изҳори умед кардаанд, ки аз “рӯйхати сиёҳ”-и FATF берун шудани исми Тоҷикистон “мавқеъи сармоягузории кишварро беҳтар намуда, имкониятҳои иловагиро барои рушди иқтисодию иҷтимои мамлакат фароҳам меорад.“


FATF (Financial Action Task Force), Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул, як созмони байнидавлатист, ки дар соли 1989 аз сӯи 7 кишвари саноатии ҷаҳон - Амрико, Ҷопон, Олмон, Бритониё, Итолиё, Фаронса ва Канада ташкил шуда буд. Маркази ин гурӯҳ дар Фаронса буда, то ба ҳол 40 дастури муқобила бо пулшӯиро ба кишварҳои ҷаҳон ироа кардааст. Дар ҳоли ҳозир 36 кишвар ва 9 созмон узви FATFмебошанд.

Тоҷикистон узви гурӯҳи FATF нест ва тавсияҳои ин гурӯҳ метавонад барои Тоҷикистон ҳатмӣ набошад. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, азбаски тавсияҳои ин гурӯҳро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад, мо низ ин тавсияҳоро муроот ва иҷро мекунем. Аз сӯи дигар, иҷро нашудани ин тавсияҳо аз сӯи кишварҳои ҷаҳон таҳримҳои иқтисодиро ҳам метавонад ба дунбол биорад. Ҳамин тавр, сарпечӣ аз мубориза бо шустушӯи пул ва сармоягузории терроризм метавонад обрӯи Тоҷикистонро дар чашми сармоягузорони хориҷӣ пойин барад.

Гузашта аз ин, ФАТФ барои иҷрои тавсияҳои худ ташкилотҳои минтақавӣ дорад. Барои мисол Тоҷикистон, ки узви гурӯҳи АвруОсиёии мубориза бо пулҳои ғайриқонунӣ ба дастомада ва сармоягузории терроризм аст, дар чорчӯби ин созмон бо ФАТФ ҳамкорӣ мекунад.

Маҳз бо тавсияи ҳамин Гурӯҳи Авруосиё оид ба мубориза бо даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм 3 сол пеш дар Бонки Миллии Тоҷикистон идораи мониторинги молӣ ташкил шуд, ки як вазифаи умдааш ҷилавгирӣ аз маблағҳои ғайриқонунӣ ба дастомада, сармоягузории терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аст. Ҳамин тавр дар моҳи марти соли 2013 Тоҷикистон дар Кодекси ҷиноияш бандҳоеро ворид кард, ки барои пулшӯӣ ҷазоҳои шадидтар таъйин мекунад.

Душанбе то кунун дар бораи кадом мавридҳои мушаххасу сабшудаи пулшӯӣ дар Тоҷикистон гузориш надодааст, вале бархе чунин маворид дар пайи аудити Бонки Миллӣ дар соли 2008 рӯ зада буд. Дар пайи он аудит аз ҷумла дар бораи беш аз 800 миллион доллар пулҳое сӯҳбат мешуд, ки дар раванди ҳаллуфасли масъалаи қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор “обулой” шудааст.

Аудити Бонки Миллӣ ҳамчунин нишон дода буд, ки бархе аз ширкатҳо, корхонаҳо дар минтақаҳои офшори Бритониё, Амрико ва Қибрис, намояндагиҳои худро номнавис карда, даромадҳои худро дар бонкҳои хориҷӣ ва асосан дар минтақаҳои офшори барои Душанбе дастнорас нигоҳ медоранд.

Дар моҳи феврали соли 2010 раисиҷумҳури Тоҷикистон дувумин фармони авфи молиро содир карда буд. Ин дуруст рӯзҳое буд, ки дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун дар авҷ буд ва Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳо дар мулоқот бо тоҷирони бурунмарзии тоҷик изҳор дошт, ки авфшудагон метавонанд бо дарёфти имтиёз пулҳои дар бонкҳои хориҷӣ доштаи худро ба Тоҷикистон биоранд ва барои мисол, саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро бихаранд. Вале гуфта мешавад, бо вуҷуди ин ҳама ташвиқот ин сармояҳо то ҳол барнагаштаанд.

Бо вуҷуди беҳтар шудани мавқеъи Тоҷикистон дар амри мубориза бо пулшӯӣ, Пажӯҳишгоҳи Базели Швейтсария ҳамагӣ ду моҳ пеш Тоҷикистонро дар қатори 10 кишваре шомил кард, ки хатари ба расмият даровардани пулҳои "нопок" дар онҳо зиёд аст.

XS
SM
MD
LG