Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ соҳиби “вилла” номидани Усмоновро дар Олмон манъ кард


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Додгоҳе дар шаҳри Ҳамбурги Олмон паҳн кардани хабарҳоро дар бораи он ки гуё бунёдгузори узбектабори ширкати “USM Holdings” Алишер Усмонов дар Бавария “вилла” ё хонаи боҳашамате дорад, барои нашрияи “Tegernseer Stimme” манъ кардааст.

Ин қарори додгоҳ рӯзи 10-уми июн содир шуда, барои ҳар бори нақзи он то 250 ҳазор евро ҷарима пешбинӣ шудааст. Агар ҷониби ҷавобгар тавони пардохти ин пулро надорад, ба ӯ ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ таҳдид мекунад.

Вакилони мудофеи Усмонов нашрияи мазкурро барои як матлабаш дар соли 2017 ба додгоҳ кашиданд. Ба гуфтаи онҳо, соҳибкор “бар асоси овозаҳо ҳудуди як сол виллаеро дар Тегернзеи Олмон соҳибӣ кардааст”.

Пештар додгоҳи Франкфурти Олмон қарор карда буд, ки ҳамаи амволи олигархи узбектабори Русия Алишер Усмонов, ки дар доираи парвандаи "пулшӯӣ" мусодира шуда буданд, баргардонида шавад. Хабаргузории русии "Интерфакс" иттилоъ дод, ки санадҳои мусодирашудаи Усмонов ҳам ҳамроҳи амволаш баргардонида мешавад.

Пулиси Олмон дар чанд иншооти марбут ба сарватманд Алишер Усмонов дар шаҳри Баварияи он кишвар кофтукоб анҷом дода, чанд мошини гаронбаҳо, аз ҷумла мошинҳои "Mercedes Maybach S500"-ро, ки 140 ҳазор евро арзиш доранд, мусодира карда буд.

Алишер Усмонов яке аз шахсони сарватмандтарин дар Русия аст. Бино ба баҳогузории маҷаллаи “Форбс” дар соли 2022, дороии Усмонов 14,4 миллиард евро шумурда шудааст. Баъд аз ҳамлаи густардаи Русия ба Украина Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Бритониё Усмоновро шомили рӯйхати таҳримҳо карданд.

XS
SM
MD
LG