Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунин ба "Ошӯро"-и Кобул (АКС ва ВИДЕО)


Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки дар ҳамла ба азодорони маросими "Ошӯро" дар зиёратгоҳи Сахӣ дар шаҳри Кобул, 17 нафар кушта шудаанд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки дар ҳодисаи ҳамла ба маросими Ошӯро дар зиёратгоҳи Кортаи Сахӣ дар шаҳри Кобул, ки шомгоҳи рӯзи 11 октябр рух дод, 62 нафар, аз ҷумла 12 пулис низ захм бардоштаанд. Сухангӯи вазорати сиҳати оммаи Афғонистон низ гуфтааст, ки захмиён ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон ҳамзамон эълон карда, ки ҳамла аз сӯи се марди мусаллаҳ анҷом шудааст. Ин дар ҳолест, ки Абдураҳмон Раҳимӣ, фармондеҳи пулиси шаҳри Кобул қаблан ба расонаҳои он кишвар гуфта буд, ки чаҳор ҳамлавар дар ин ҳодиса даст доштанд ва нерӯҳои амниятӣ ҳамаи онҳоро ба қатл расонданд.

Дар "Ошӯро"-и Кобул 14 нафар кушта шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Зиёратгоҳи Сахӣ дар ҳавзаи савуми амниятии Кобул дар минтақаи Кортаи Сахии пойтахти Афғонистон воқеъ мебошад. Ҳамла ба маҳали сугвории шиаиён бо таркише дар наздикии он асри рӯзи гузашта оғоз шуд.

Пеш аз ин як мақоми баландпояи амниятии Афғонистон аз касоне, ки мехостанд дар маросими Тосуъо ва Ошӯро ширкат кунанд, тақозо карда буд, ки танҳо дар масҷидҳо нишастҳои азодорӣ баргузор кунанд ва дар майдонҳо ҳаққи баргузор кардани чунин маросимҳоро надоранд.

Дар моҳи июли соли ҷорӣ дар пайи як ҳамлаи маргбор дар Кобул ба тазоҳуроти ҷонибдорони Ҷунбиши рӯшноӣ, ки аскари онҳо ҳазораҳо буданд, 84 нафар ҷон бохтанд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта буд. Аммо то ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамлаи рӯзи 11 октябр ба зиёратгоҳи Сахӣ дар Кобулро ба ӯҳда нагирифтааст.

Шиаиён дар Афғонистон аққалият мебошанд ва дар мавриди шумораи онҳо низ омори гуногун вуҷуд дорад. Бар асоси омори як маркази таҳқиқотӣ дар Вошингтон, ҳафт дарсади мардуми ин кишвар шиа ҳастанд. Аммо тибқи бархе таҳқиқот дар дохили худи Афғонистон, шумораи шиамазҳабон 20 дарсади аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд. Аксарияти шиаҳои афғон аз ҳазораҳо ва тоҷикҳо мебошанд.

Тибқи ривоятҳои исломӣ, шиаҳо рӯзи "Ошӯро"-ро барои он бузургдошт мекунанд, ки дар ин рӯз Ҳусайн - набераи ҳазрати Муҳаммад, паёмбари ислом, бо 72 тан аз ёронаш ба шаҳодат расиданд. Аз ин рӯз дар Афғонистон ва бархе дигар аз кишварҳои исломӣ маросимҳои хоси додани садақа ва рафтан ба зиёратгоҳҳо баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG