Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самара барои муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карданд


Дар вилояти Самараи Русия барои муҳоҷирон маҳдудияти нав ҷорӣ карданд.

Бар асоси қарори раиси вилоят, минбаъд муҳоҷирон ҳаққи истеҳсол ва фурӯши чанд намуд маҳсулот, аз ҷумла дору, маҳсулои ширӣ, тамоку ва машруботро надоранд. Ин маҳдудият аз моҳи ноябри имсол ба иҷро медарояд.

Муҳоҷироне, ки бо патент кор мекунанд, ҳамчунин наметавонанд дар корхонаҳои истеҳсоли хӯроки кӯдакона ва маҳсулоти нонӣ кор кунанд. Савдои чакана берун аз дӯкону бозорҳо низ барои муҳоҷирон манъ карда мешавад.

Мақомоти Самара қаблан кор кардани муҳоҷирон дар бахшҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, таксӣ ва низоми маорифро манъ карда буданд.

Минтақаҳои Русия яке паси дигар кор кардани муҳоҷирон дар баъзе бахшҳоро манъ мекунанд. Аз ҷумла, мақомоти Красноярски Русия ахиран фаъолияти муҳоҷиронро ҳамчун ронандаи таксӣ ва фурӯшандаи машруботу тамоку дар мағозаҳои махсус манъ карданд.

XS
SM
MD
LG