Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи қатора дар Русия 70 кас осеб дидааст


Дар натиҷаи аз роҳ баромадани 9 вагони қатораи масири "Воркута – Новороссийск" дар ҷумҳурии Комии Русия дасти кам 70 кас осеб дидааст.

Хабаргузории ТАСС иттилоъ дода, ки қатора дар маҷмуъ 14 вагон ва 232 мусофир доштааст.

Ба иттилои мақомоти шаҳри Интаи Комӣ, садама баъди ҳаракат кардани қатора аз истгоҳи "Инта" рух додааст.

Дар Кумитаи тафтишотии минтақа гуфтанд, ки бино ба маълумоти пешакӣ, дар ин садама касе осеб надидааст.

Телеграм-канали "Shot" навиштааст, вазъи 9 мусофири қатора, ки наметавонанд онҳоро аз зери вагонҳои чаппашуда берун оранд, вазнин аст.

Сабабҳои сар задани ҳодисаро муайян мекунанд.

XS
SM
MD
LG