Мақомот дар вилояти Қандаҳори Афғонистон гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир даргирӣ миёни нерӯҳои афғон ва покистонӣ дар минтақаи марзии Спин Булдак идома дорад. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, даргирӣ соати се субҳи ҷумъа оғоз шудааст.
Самим Хплвок, сухангӯи раиси вилояти Қандаҳор рӯзи 5 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки даргирӣ дар деҳаи Луқмони ин минтақа замоне оғоз шуд, ки низомиёни покистонӣ мехостанд ба манзури шумориши аҳолӣ, ба ин деҳа ворид шаванд, аммо бо мухолифати нерӯҳои афғон рӯбарӯ шуданд.
Сухангӯи раиси вилояти Қандаҳор гуфтааст, ки дар ин даргирӣ ду тонки нерӯҳои покистонӣ аз байн бурда шуда ва ба ҳар ду тараф талафот ворид шудааст. Аммо ӯ дар мавриди талафот маълумоти дақиқ ва бештар ироа накард.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти фармондеҳии амнияти Қандаҳор гуфтаанд, ки сарбозони тозанафасро ба маҳали ҳодиса фиристодаанд. Як мақоми марзбонии афғон ба шарти онки аз ӯ ном бурда нашавад, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар асари ин даргирӣ шаш тан аз нерӯҳои марзбонии Афғонистон захмӣ шудаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қандаҳор мегӯяд, ки пас аз ин рух додани ин даргирӣ, роҳи Спин-Булдак-Чаман, ки Афғонистонро ба Покистон мепайвандад, баста шудааст. Мақомоти Покистон то ба ҳол дар робита ба ин даргириҳо чизе нагуфтаанд.
Худованд ба падару модари азиз сабри чамил дихад, чойи мархумро Чаннат гардонад. Ба ин кор муаллимонро гунахкор хисобидан танхо аблахист. Гунахкори асосиро бояд тибки конун чазо дихем. Ба чойи салла калла оварданро як суй бояд гузорем. Конун дар тамоми дунё волоият дорад. Дигаронро, яъне шахсони бегунохро (муаллимону падару модару хамсоягон ва гайраро) гунахкор кардан ба фоидаи чинояткорону кормандони макомоти хифзи хукук аст!!!
Хизмат мерафтаги бояд 28 хазор маош гирад гайр аз хурока бад ин кор дуруст ,интавр рохи гурезро хама пеш мегирад ,ба чои вай шахс, шахси дигар чавоб гу нест .
Точикистон давлати демократист, бояд Хукумат дар дасти АКСАРИТ ( яъне халк) бошад аммо мутаъсифона руз то руз Хукумат ва Кудрат дар дасти АКАЛИЯТ (яъне ашхоси хурде ки хокимиятро ба зури ба даст гирифтаанд)...хело чои таасуфаст ва ояндаи халки точик зери аломати ? Мемонад бо ин режим ва сиёсати хозира...
Шармам меояд худро дар ҷойе Тоҷик муаррифӣ кунам. Дар ҳама сархати расонаҳо , Аз ҳама давлати қашоқ , Ҳокимияти Диктотури , Иқтисодӣ заифу фасод дар ҳар бахши давлатдори, ва Муҳоҷират.
Салом. Ин бози ҳам зарар дорад ҳам фоида. Барои халқи одди фоидаи бештар дорар, агар ҳаққатро талаб куни. Барои мардуми хосс зарар дорад. Аммо касоне этиқод доранд, ки тоҷикистон мустақили комил ҳаст, ин ҷуз хоб чизи дигаре нест. Мустақил фақат барои корҳои хурд, ва сатҳи поин мустақил ҳаст. Мо бояд аввал мазмун, ва мафҳуми калимаи (мустақил, истиқлолиятро) донем ва баъд дар бори ин суҳбат кунем.