Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ баъди 13 муроҷиат сабт шуд


Дилрабо Самадова, раҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ
Дилрабо Самадова, раҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ

Вазорати адлияи Тоҷикистон баъди чаҳор соли баҳсу баррасиҳо ба Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ҳаққи фаъолият дар вилояти Суғдро додааст. Ин созмон асосан аз ҳаққи сарбозону ҷавонони синни даъват ба артиш ҳимоят мекунад ва намояндагияш дар Суғд аз соли 2012 боз баста буд.

Дилрабо Самадова, раҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, 22 июн ба Озодӣ гуфт, дар ин муддат барои сабтиноми созмонаш ба Вазорати адлия 13 муроҷиат навиштаанд. Ӯ гуфт, сабтиноми созмон танҳо баъди як суханронияш дар нишасти ахири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ва дар миён гузоштани ин масъала имконпазир шудааст.

“Дар ҳоли ҳозир омодаи боз кардани дари созмон ба рӯи ниёзмандон ҳастем ва баъди дарёфти санади “ИНН” аз Идораи андози вилояти Суғд расман ба фаъолият шурӯъ хоҳем кард,” – афзуд ӯ.

Як намояндаи Раёсати сабти созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлия рӯзи 22 июн ба Озодӣ гуфт, баҳси асосӣ бо Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ бар сари оинномаашон буд. Мусоҳиби мо гуфт, танҳо баъди ислоҳи камбудҳо дар оиннома намояндагии Дафтари озодиҳои шаҳрвандиро дар Суғд ба қайд гирифтаанд.

"То ин вақт иштибоҳҳо дар Оинномаи созмон ҷой дошт ва бинобар ҳамин, ҳуҷҷатҳо ҳар дафъа барои ислоҳ баргардонда мешуданд," – афзуд манбаъ.

Даромадгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон
Даромадгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон

Хуршеда Раҳимова, намояндаи дигари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ин нуктаро таъйид кард ва гуфт, вазорат асосан мухолифи “қабули аъзо” ва “баргузории ҷаласаи ин созмон” дар Суғд будааст. Ӯ афзуд, “дар як банди оиннома гуфта мешуд, ки намояндагии ташкилот ҳақ дорад, аъзо қабул кунад ва маҷлис гузаронад, вале вазорати адлия хостори бекор кардани ин банд шуд. Мо баъдан бо тағйирот варианти дурустро пешниҳод кардем ва онҳо низ пазуруфтанд.”

Дар як сӯҳбати қаблӣ Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик дар робита ба баста будани Дафтари ин созмон дар вилояти Суғд гуфта буд, созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар навоҳии кишвар кореро иҷро мекунад, ки бояд мақомоти ҳукумати кишвар анҷом диҳанд. Ин созмон бо ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Вазорати дифоъ барномаҳои муштарак дорад ва бо сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ кор мебарад ва набояд чанд хатои кӯчак боиси сабти ном нашудани бахши вилоятии ин созмон шавад.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар асоси созмони собиқи “Ампаро” ташкил шудааст. Соли 2012 раёсати адлияи вилояти Суғд ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи “Ампаро” даъво бурда буд, ки гӯё ин созмон қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро нақз карда, бар хилофи меъёрҳои Оинномааш суроғаи ҳуқуқиро тағйир додааст ва бе огоҳ кардани раёсати адлия дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон, зерсохтор кушодааст. Баъдан ин созмон бо қарори додгоҳ баста шуд.

“Ампаро” соли 2005 ташкил шуда, дар се самт – ҷавонон, маълулон ва сарбозон - фаъолият мекард. Ин созмон ҳар сол дар мавридиҷалби ҷавонон ба артиш ва вазъи хизмати низомӣ дар Тоҷикистон мониторинг мегузаронд.

Ҳамин корро баъдан Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ идома дод. Вакилони мудофеи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар баҳсҳои додгоҳӣ аз сарбозону навдаъватшудаҳое, ки мавриди латту кӯб қарор мегиранд ва ё бо роҳи “облава” ба артиш бурда мешаванд, ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG