Ӯ рӯзи 3-юми август дар шаҳри Тифлис (Тбилиси) боздошт шуд.
Афғон Содиқов мудири пойгоҳи Azel.TV аст. Вай гуфт, мақомоти Гурҷистон моҳи июл ба ӯ ва хонаводааш иҷоза надоданд, ки аз ин кишвар берун раванд.
Вазорати умури дохилии Гурҷистон хабар дод, ки Содиқов дар Озарбойҷон ба иттиҳоми “тамаъҷӯӣ” ва “таҳдид” дар ҷустуҷӯ аст.
Афғон Содиқов аз соли 2016 ба ин сӯ чанд бор дар Боку, маркази Озарбойҷон, дастгир шуда, барои гузоришҳояш зиёда аз як солро дар зиндон гузарондааст.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон раҳоии ӯро талаб карда, иттиҳомҳои зидди ӯро “сохта” номид.