Дар шаҳри Хуҷанд номи барандагони озмуни матолиби беҳтарин дар мавзӯи доғу муҳими ҷомеа эълон шуд. Дар миёни онҳо хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Суғд Маъсуми Муҳаммадраҷаб низ ҳаст ва ӯ барои силсилаи маводи чандрасонаӣ ҷоизаи аввалро ба даст овард.
Ҷоизаҳо ба барандагони озмуни "Хомаи созанда" рӯзи 6 декабр дар "Кохи Рӯдакӣ"-и Хуҷанд супурда шуд. Ин озмун миёни рӯзноманигорони шимоли Тоҷикистон аввали соли ҷорӣ аз тарафи раиси вилояти Суғд эълон гардид. Ҷоизаи умумии ин озмун 150 ҳазор сомонӣ ва ҷоизаи пулии барандагон аз 1,5 то 6 ҳазор сомонӣ аст.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ҳангоми ширкат ва суханронӣ дар маросими ҷоизасупорӣ ба рӯзноманигорон гуфт, дар озмуни имсола беш аз 80 хабарнигори расонаи давлативу мустақил ва хориҷӣ, ки дар шимоли Тоҷикистон фаъолият доранд, иштирок кардаанд. Ба ин тартиб, 37 нафари онҳо дар 4 бахш баранда шуданд.
Қодирӣ матбуотро "ҷузъи хеле муҳим ва ҷудонопазири ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон" унвон кард ва аз рӯзноманигорон хост, ки дар амри ҷилавгирӣ аз тундгароӣ бетараф набошанд. Ӯ гуфт, "дар ҷомеаи мо ҳам ҳамин гуна ифротгароҳо ҳастанд. Зиёд не, дар ҳар маҳал чанд нафар ёфт мешаванд. Вале дар баробари онҳо бетараф набошем. Ақаллан тавассути расонаҳо нависем ва ба аҳли ҷомеа, ба падару модарони чунин афрод расонем, ки онҳо ҷомеаи моро ифлос мекунанд."
Ҳарчанд Бобоҷон Икромов, журналист ва раиси комиссияи озмуни “Хомаи созанда” насли муосири рӯзноманигорони тоҷикро ҷӯянда ва омӯзанда хонд, аммо ба қавли ӯ, дар инъикосу таҳлили мавзӯъҳои муҳим ва доғи ҷомеаи имрӯз душворӣ мекашанд. “Дар сохтани фазои иттилоотӣ дар миқёси байналмилалӣ ва, масалан, мубориза бо ифротгароӣ заиф ҳастем. Дар ҳоле ки ифротгароӣ хатаре барои ҷомеа, ҳар хонавода ва давлату давлатдорӣ аст.”
Бино ба иттилои расмӣ, дар Суғд беш аз 25 телевизион ва радиои давлативу умдатан хусусӣ ва беш аз 50 нашрияи давлативу мустақил фаъол аст. Вале солҳои охир буҳрони молӣ ба фаъолияти расонаҳои маҳаллӣ таъсир гузошта, тамоми расонаҳо ва ба хусус расонаҳои мустақил дучори мушкили молӣ шудаанд. Ин аст, ки ахиран 2 нашрияи мустақили чопи Хуҷанд – “Дам” ва “Варорӯд” – аз қатъи фаъолияти худ дар пайи мушкилоти молӣ хабар доданд.
Ҳалимҷон Ҷӯраев, яке аз барандагони озмуни “Хомаи созанда”, раҳбари шӯъбаи иттилоотии телевизиони “СМ-1” дар Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баргузории ин гуна озмунҳо хабарнигоронро ба кори худ дилгармтар месозад. Вай афзуд, “ман ба бахши “Мавзӯъҳои доғи ҷомеа”-и озмун беҳтарин гузоришҳои телевизиониро пешниҳод карда будам. Масалан, дар бораи зиндагии олмониёни боқимонда дар шаҳри Истиқлол (Табошари пештара), рушди иқтисод ва мушкили безарар гардондани партовгоҳҳои радиоактивӣ дар канори ин шаҳр, ки фазою оби маҳалро олуда мегардонанд.”
Дар ин маҳфил зикр шуд, ки дар шароити кунунӣ расонаҳо ва хабарнигорони тоҷик ниёз ба кумаки давлат доранд. Ин аст, ки Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, таъкид кард, дар соли нав ҳудуди 10 хабарнигори ҷавони суғдӣ ба давраҳои забономӯзӣ ва маҳорати рӯзноманигорӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ фаро гирифта шуда, баъди санҷиш ба онҳо ҳар моҳ стипендия дар ҳаҷми 500 сомонӣ дода мешавад.
Озмуни “Хомаи созанда” соли севум аст, ки дар қаламрави вилояти Суғд доир мегардад. Дар маҳфили ҷоизасупории имсола эълон шуд, ки “Хомаи созанда” соли ояндаи 2017 низ, бо 150 ҳазор ҷоизаи пулӣ баргузор хоҳад гашт.