Ҳокими вилоят Вячеслав Гладков рӯзи 13-уми август дар "Твиттер" навишт, "беш аз 11 ҳазор нафар тарки минтақа карданд". Ӯ дар идома гуфт, ки ҳазор нафари дигар дар ҷойҳои муваққатӣ ҷобаҷо шудаанд.
Аҳолии ин минтақа ҳудуди 14 ҳазор нафар мебошад.
Ноҳияи Краснояруж, ҳаммарз бо Украина, дар ғарби минтақаи Курск қарор дорад. Раиси ноҳия Андрей Мисков гуфт, 500 нафар ҳанӯз дар минтақа мондаанд, ки асосан кормандони мақомот, мутахассисон ва кормандони бахши изтирорӣ мебошанд.
Нерӯҳои Украина рӯзи 12-уми август навореро нашр карданд, ки онҳоро дар маркази шаҳри Суджа дар минтақаи Курск нишон медод. Таърихи дақиқи ин навор маълум нест. Аммо шунида мешавад, ки сарбозони украинӣ мегӯянд, ҳанӯз бо ҳеч нерӯи русӣ бархӯрд накардаанд.
Блогерҳои низомии Русия гузориш додаанд, ки Суджа дар ҳудуди 10-километрии марзи Украина, ки пеш аз ҷанг 5 ҳазор аҳолӣ дошт, зери назорати Украина қарор дорад.
Вазорати дифои Русия эълон кард, ки 12 паҳбоди украинӣ дар шабонарӯзи гузашта бар фарози минтақаи Курск ва ду паҳподи дигар дар минтақаҳои Белгород ва Воронеж аз "байн бурда шуданд".