Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо нафар дар пойтахти Беларус. АКСУ ВИДЕО


Беларус, рӯзи 25 марти соли 2017
Беларус, рӯзи 25 марти соли 2017

Пулиси Беларус даҳҳо нафарро, ки қасди иштирок дар гирдиҳамоии Рӯзи Озодӣ дар шаҳри Минскро доштанд, боздошт кардааст. Дар миёни онҳо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ Денис Садовский ва Юрий Мелешкевич, журналист Олга Биковская ва ҳомии ҳуқуқ Олга Николайчик низ ҳастанд. Ҳамон тавр ки хабаргузории мустақили "БелаПАН" рӯзи 25 март иттилоъ дод, аз сари субҳи шанбе кормандони пулис бо ёрии техникаи низомӣ роҳҳоро банд карда ва аз ҳаргуна ҷамъомад ҷилавгирӣ менамуданд. Рӯзи Озодӣ ба хотири Ҷумҳурии Халқии Беларус баргузор мешавад, ки соли 1917 камтар аз як сол давом карда буд.

Дар ҳамин рӯз маъмурони пулис дар дафтари Гуруҳи ҳуқуқи башари "Вясна" (Баҳор) рейд гузаронда ва тақрибан шаст нафарро бо шумули раҳбари ин созмони ғайридавлатӣ Алес Белятский ва раҳбари Кумитаи Ҳелсинкии Беларус Олег Гулак боздошт кардаанд.

Навори бидуни шарҳ инҷост:

Боздошти даҳҳо нафар дар Минск
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

Имсол Рӯзи Озодӣ, ки ҳукумати Беларус онро ҷашн ҳисоб намекунад, барои баргузории ягон ҷамъомад иҷоза нашуда буд. Дар бисёре аз минтақаҳои ин кишвар фаъолон танҳо барои “сайругшат” ба кӯча баромадаанд.

Belarus - Day of Freedom (Freedom Day) in Minsk, Detention of people at the center in Minsk, 25Mar2017
Belarus - Day of Freedom (Freedom Day) in Minsk, Detention of people at the center in Minsk, 25Mar2017

Аз ин қабл, Уладзимир Някляев – раҳбари мухолифин ва собиқ номзад ба мақоми президенти Беларус – баъди мулоқоташ бо мақомоти лаҳистонӣ ва пеш аз Рӯзи Озодӣ боздошт шуд. Ҳамсари ӯ Олга ба хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" гуфтааст, ки мақомот раҳбари мухолифини Беларусро дар ғарби шаҳри Брест дастгир кардаанд. Вай гуфтааст, Уладзимир аз Лаҳистон меомад ва дар роҳ ба сӯи Минск буд.

Някляев яке аз фаъолони тазоҳуроти зидди қонуни ҷаримаи бекорон дар Беларус низ ҳаст буд ва барои иштирок дар ин гирдиҳамоии бидуни иҷоза муттаҳам мешавад. Эътирози мардум дар ин замина баъди он сар зад, ки президент Александр Лукашенко қонуни муҷозоти, ба истилоҳ, “муфтхӯрони ҷамъиятӣ”-ро муаррифӣ намуд ва гуфт, ин нафарон бояд барои бекориашон ҷарима супоранд. Ҳарчанд баъдан президент иҷрои ин қонунро то соли 2018 мавқуф гузошт, мардум ба хиёбонҳо рехта, аз беадолатӣ эътироз карданд.

Belarus - Day of Freedom (Freedom Day) in Minsk, Detention of people at the center in Minsk, 25Mar2017
Belarus - Day of Freedom (Freedom Day) in Minsk, Detention of people at the center in Minsk, 25Mar2017

XS
SM
MD
LG