Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳои Баҳрайн 5 нафар кушта ва садҳо тан боздошт шуданд


Дар пайи ҳамлаи рӯзи сешанбеи нерӯҳои амниятии Баҳрайн ба эътирозгароне, ки дар ҳимоят аз як рӯҳонии мухолифи ҳукумат даст ба тазоҳурот зада буданд, ҳадди ақал панҷ нафар кушта ва садҳо нафар низ боздошт шудаанд. Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки нерӯҳои амниятӣ ба хонаи Шайх Исо Қосим, раҳбари мухолифон юриш бурда ва як теъдод аз ҷонибдорони ӯро боздошт кардаанд. Дар гузоришҳои аввалия, шумораи кушташудагони ин ҳодиса як нафар эълом шуда буд.

Эътирозҳо дар Баҳрайн аз соли 2011 ба ин сӯ афзоиш ёфтааст. Аз он замон то ба ҳол даҳҳо тан аз эътирозгарон ва ҳадди ақал 10 корманди пулис дар ҷараёни эътирозҳо кушта шудаанд.

Ҳукумати Баҳрайн се рӯз пеш Шайх Исо Қосим, рӯҳонии норозии он кишварро ба иттиҳоми "пулшӯӣ" ва "ҷамъоварии ғайриқонунии кӯмакҳо", ба як сол зиндон маҳкум кард ва эътирозҳо низ пас аз содир шудани ҳукми додгоҳ дар нисбати ӯ, оғоз шуданд. Як мақоми амниятӣ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфта буд, ҳамла дар Ад-Дироз пас аз дарёфти маълумот дар бораи паноҳгоҳ ҷустани чанд гумонбар дар фаъолиятҳои террористӣ ва қатли як пулис, сурат гирифтааст.

Аммо созмониҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар таҷаммӯи эътирозӣ дар "Ад-Дироз" дар минтақаи шимол-ғарби Баҳрайнро тазоҳуроти сулҳомез номида ва ҳамла ба онро маҳкум карданд. Созмони Афви Байналмилал хостори таҳқиқоти мустақил дар мавриди истифода аз "зӯр" алайҳи эътирозгарон шудааст. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Ё Human Rights Watch низ гуфтааст, ки юриши нерӯҳои амниятӣ дар "Ад-Дироз", саркӯби озодии баён аст.

Аз назари созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, озодиҳои аслӣ, аз ҷумла озодиҳои сиёсӣ, озодии баён ва ҳаққи шаҳрвандони дар баргузор кардани гардиҳамоиҳои мусолиматомез дар Баҳрайн мисли дигар кишварҳои минтақа чун Арабистони Саудӣ ва Эрон, аз сӯи ҳукумат нақз мешаванд.

Пеш аз ин дар замони раҳбарии Барак Обама, президенти пешини Амрико, Вашингтон хостори анҷоми "ислоҳоти қобили таваҷҷуҳ" ва эҳтиром ба ҳукуқҳои бунёдии шаҳрвандон дар Баҳрайн шуда буд. Раиси ҷумҳури феълии Амрико дар ҷараёни сафари худ ба Арабистони Саудӣ ба подшоҳи ин кишвар гуфта буд, ки дар гузашта "танишҳои ночизе" байни Амрико ва Баҳрайн вуҷуд дошт, аммо "бо ин давлат дигар танише вуҷуд нахоҳад дошт."

Баҳрайн аз муҳимтарин муттаҳидони Амрико дар атрофи Халиҷи Форс ва дар айни ҳол маркази фармондеҳии нерӯи панҷуми баҳрии артиши Амрико аст. Эътирозҳо дар Баҳрайн аз соли 2011 ба ин сӯ афзоиш ёфтааст. Аз он замон то ба ҳол даҳҳо тан аз эътирозгарон ва ҳадди ақал 10 корманди пулис дар ҷараёни эътирозҳо кушта шудаанд. Нерӯҳои амниятӣ дар айни ҳол садҳо нафарро боздошт ва ба гуфтаи Созмони Афви Байнамилал, 316 нафарро аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд.

XS
SM
MD
LG