Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз интихобот. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Омурбек Бабанов


Омурбек Бабанов
Омурбек Бабанов

Додситонии кулли Қирғизистон алайҳи Омурбек Бабанов, вакили порлумон ва номзади калидии мухолифон ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар дар интихоботи моҳи гузашта парвандаи ҷиноӣ боз кард. Мақомоти додситонӣ рӯзи 4-уми ноябр гуфтанд, ки Бабанов барои даъвати оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ муттаҳам аст.

ِВокуниши Бабанов: “Ҳукуматдорон фаҳмидан намехоҳанд, ки асоси мушкил ман нестам”

Ин нафарон ҷонибдори тағйирот ҳастанд. Онҳо аз василаҳои маъмурӣ натарсиданд. Онҳое ҳастанд, ки мавқеи худро изҳор карданд. Мо бешубҳа пирӯз шудем ва пирӯзии мо дар он аст, ки зеҳни мардумро тағйир дода тавонистем

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ин даъват дар мулоқоти пешазинтихоботии Омурбек Бабанов дар маҳаллаи Амир Темури шаҳри Ӯш садо додааст. Онҳо гуфтанд, гӯё Бабанов дар мулоқот бо сокинони ин минтақа аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони узбактабор нигаронӣ карда, аз онҳо даъват намудааст, ки бо ин вазъ муросо накунанд.

Ташхиси суханшиносӣ ҳам хулоса додааст, ки ҳарфҳои номзади калидии мухолифон "таҳрик барои итоат накардан аз ҳукумати қонунӣ буд". Ҳоло парвандаи Омурбек Бабанов барои тафтиш ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон фиристода шудааст.

Сооронбой Ҷеенбеков
Сооронбой Ҷеенбеков

Мулоқоти Омурбек Бабанов бо сокинони маҳаллаи Амир Темури шаҳри Ӯш рӯзи 28-уми сентябри имсол сурат гирифт. Видеои суҳбатҳои ӯ дар рӯбарӯи сокинон дар интернет нашр шуда, дар онҳо Омурбек Бабанов аз сокинон хостааст, дар баробари беадолатӣ дар интихобот хомӯш набошанд. Аз ҷумла, дар яке аз порчаи суханрониаш мегӯяд, "агар кадоме аз маъмурони милиса узбактаборонро ғам медиҳад, аз кор барканор хоҳад шуд."

Ситоди интихоботии Омурбек Бабанов мегӯяд, ки порчаҳои суханронии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ "дасткорӣ" шудааст ва бештари онҳо ё ноҷо истифода шудаанд, ё ҳақиқат надоранд.

Омурбек Бабанов, номзади калидии мухолифон, дар интихоботи моҳи гузаштаи президентӣ тақрибан 34 дарсади раъйи сокинонро ба даст овард. Сооронбой Ҷеенбеков, нахуствазири собиқ, ки аз ҳимояти раиси ҷумҳур Алмосбек Отамбоев бархӯрдор буд, бо тақрибан 55 дарсади овоз пирӯз шуд.

Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Зоҳиран як мулоқоти Бабанов пеш аз интихоботи президентӣ бо раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хашми мақомоти ин кишварро барангехтааст. Ин мулоқот натанҳо баҳси Вазорати умури хориҷии ду кишварро ба бор овард, балки ба баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ сабаб гардид. Баъдан мақомоти Қирғизистон аз боздошти чанд нафаре хабар доданд, ки дар маъракаи интихоботӣ аз Бабанов ҳимоят мекарданд. Онҳо барои ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ ва қасди ташкили беназмӣ баъди интихобот муттаҳам ҳастанд.

Худи Отамбоев гуфта буд, ки дар ҷараёни интихобот бо баъзе афрод кор намегиранд, вале то моҳи декабр ин фурсатро хоҳад дошт, ки барояшон дарси адаб бидиҳад. Рӯзи 4-уми октябр Сооронбой Ҷеенбеков низ дар як мубоҳисаи телевизионӣ ваъда дода буд, ки дар сурати пирӯзӣ мубориза бо фасодро аз Омурбек Бабанов оғоз мекунад. Ӯ гуфта буд, "ту мегӯӣ, ки ман бо коррупсия мубориза намекунам. Бо коррупсия маҳз ман мубориза мекунам. Хуб медонам, ки ту ба чӣ олуда ҳастӣ. Агар президент шавам, додарам Омурбек, мубориза бо коррупсияро аз ту сар мекунам."

Омурбек Бабанов ва Алмосбек Отамбоев
Омурбек Бабанов ва Алмосбек Отамбоев

Омурбек Бабанов баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот гуфт, дар ҷараёни овоздиҳӣ тақаллуб роҳ ёфт, вале бо ин вуҷуд таъкид кард, даст ба эътироз намезанад. “Ба ҷонибдории номзадии ман аз рӯи иттилои Комиссиюни марказии интихобот, тахминан 600 ҳазор нафар овоз доданд. Ин нафарон ҷонибдори тағйирот ҳастанд, онҳо аз василаҳои маъмурӣ натарсиданд ва онҳое мебошанд, ки мавқеи худро изҳор карданд. Мо бешубҳа пирӯз шудем ва пирӯзии мо дар он аст, ки зеҳнияти мардумро тағйир дода тавонистем”, - афзуд ӯ.

Дар арзёбиҳои нозирони байналмилалии САҲА таъкид шуд, ки интихоботи президентии Қирғизистон дар фазои пуррақобат ва шаффоф баргузор шуд, вале мавридҳои “сӯиистифода аз захираҳои давлатӣ, фишор болои раъйдиҳандагон ва харидани овоз” мушоҳида шудааст. Тасдиқи натиҷаҳои интихобот баёнгари он аст, ки дар таърихи баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои аввалин бор аст, ки дар як ҷумҳурии Осиёи Марказӣ интиқоли сулҳомези қудрат сурат мегирад. Дар ҷумҳуриҳои дигар танҳо баъд аз марги раҳбарон раиси ҷумҳурӣ нав шуда буд.

XS
SM
MD
LG