Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи хунин дар Барселона. ДИИШ масъулиятро ба дӯш гирифт. ВИДЕО


Рӯзи 17-уми август дар ҳамлаи як микроавтобус ба пиёдагардҳо дар шаҳри Барселонаи Испания, 13 нафар кушта ва 100 маҷруҳ шуданд. Пулис мегӯяд, ки ронанда ин микроавтобус фирор кард ва ҷустуҷӯи ӯ идома дорад. Расонаҳои Испания гуфтаанд, дар ҳамлаи дувум як мошин ба пиёдаравҳо дар шаҳри Камбрилс, ҳадди ақал ҳафт нафар захмӣ шуда ва ҳоли ду нафари онҳо вахим аст.

Ҳамлаи рӯзи панҷшанбе дар Барселона маргбортарин ҳамла дар Испания пас аз ҳодисаи соли 2004 дар Мадрид аст. Дар бамбгузориҳо дар се истгоҳи роҳи оҳани Мадрид 191 нафар кушта ва беш аз 1800 тани дигар захмӣ шуда буданд.

Мақомоти Испания ҳамчунин субҳи ҷумъа аз кушта шудани чаҳор ҳамлакунанда ва захмӣ шудани як нафари дигар дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ хабар додаанд. Гуфта мешавад, ки ин ҳамла бо ҳамлаи дувум дар Камбрилс рабт дорад. Камбрилс дар ҷануби Барселона воқеъ аст.

Ба гузориши расонаҳои Испания, ин афрод қасд доштанд чанд соат пас аз ҳамла дар Барселона, ба мардум дар шаҳри Камбрилс ҳамла кунанд. Пулис мегӯяд, эҳтимолан ин афрод камарбандҳои интиҳорӣ доштанд.

Ин дар ҳоле аст, ки пулиси Испания мегӯяд, ронандаи худрави микроавтобусе, ки рӯзи панҷшабе дар маркази шаҳри Барселона ба мардум ҳамла кард, фирор намудааст. Раиси пулиси минтақаи Каталония рӯзи панҷшанбе гуфтааст, ду нафар ба гумони даст доштан дар ҳамлаи террористии рӯзи панҷшанбе, боздошт шудаанд.

Ин ду нафар яке испониёӣ ва дигаре марокашӣ ҳастанд. Вале ҳеҷ кадом аз онҳо ронандаи микроавтобус нестанд. Ин мақоми пулиси Испания дар идома гуфтааст, як микроавтобуси сафед соати 4:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ бо суръат ба мардум ва роҳгузарҳзо дар маҳаллаи машҳури сайёҳии Лас Рамблас дар шаҳри Барселона ҳамла кард.

Вай изофа кардааст, ки дар вақти ин ҳамлаи маргбор, кӯчаҳо пур аз пиёдагардҳо будааст. Раиси пулиси минтақаи Каталония ҳамчунин таъкид кардааст, яке аз касоне, ки дар ин робита боздошт шудааст, зодаи минтақаи Малила аст. Ин минтақа бахше аз хоки Испания ба шумор меравад, аммо дар шимоли Марокаш воқеъ шудааст.

​Ин масъули пулис гуфтааст, таркише, ки рӯзи чаҳоршанбе дар як хона дар Алканар рӯй дод, низ эҳтимолан бо ҳамлаи маргбори Барселона рабт дошта бошад. Алканар дар 100 километрии шаҳри Барселона воқеъ аст. Дар ин инфиҷор як нафар кушта шуд ва пулис мегӯяд, ки эҳтимолан касоне дар ин хона ҳузур доштанд, дар ҳоли омода кардани маводи тарканда буданд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" чанд дақиқа пас аз эълони шахсияти яке аз гумонбаршудаҳои "ҳамлаи террористӣ" дар Барселона аз сӯи пулиси Испания, масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", шабакаи хабарии "Аъмоқ" вобаста ба гурӯҳи ДИИШ эълом кардааст, "омилони ҳамлаи Барселона сарбозони гурӯҳи Давлати исломӣ буданд, ки ин амалиётро дар посух ба ҳамлаҳои эътилофи байналмилалӣ, анҷом доданд."

Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Испания ба Барселона рафта ва ба зарурати ҳарчӣ зудтар боздошт кардани омилони ин ҳамла таъкид кардааст. Ҳамлаи рӯзи панҷшанбе дар Барселона маргбортарин ҳамла дар Испания пас аз ҳодисаи соли 2004 дар Мадрид аст. Дар бамбгузориҳо дар се истгоҳи роҳи оҳани Мадрид 191 нафар кушта ва беш аз 1800 тани дигар захмӣ шуда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG