Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алмосбек Отамбоев: Мушкили марз бо Тоҷикистон ҳал мешуд, агар...


Алмосбек Отамбоев рӯзи 20-уми ноябр дар охирин нишасти матбуотиаш дар мақоми президенти Қирғизистон гуфт, кишвараш омода буд мушкили марзӣ бо Тоҷикистонро ҳал кунад, вале ҷониби Тоҷикистон шартҳои Қирғизистонро напазируфт.

Отамбоев, аз ҷумла, гуфт: «Агар ба Эмомалӣ Раҳмон машварати дигар намедоданд, шояд ҳоло созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон комилан имзо мешуд».

Ӯ гуфт, ҳоло мушкили марзӣ бо Тоҷикистон 50 дар сад ҳал шудааст, вале сари 50 дар сади дигар бо кишвари ҳамсоя ба як хулоса нарасиданд.

Алмосбек Отамбоев гуфт: «Мо омода будем 50 дар сади боқимондаро низ имзо кунем, аммо шарти мо ин буд, ки 50 дар садро мисле, ки дар созишномаи гузашта имзо карда будем, бипазиранд. Агар ба президенти Тоҷикистон ҳаргуна машваратҳо намедоданд, ин созишнома ҳам ҳал мешуд. Ҳолатеро мемонад, ки остинҳои як костюм ду ранг доранд. Ин нодуруст аст. Онҳо (ҷониби Тоҷикистон) гуфтанд, ки бояд мо аз асноди солҳои 1925-1926 истифода кунем. Он гаҳ ман машварат додам, ки ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1923-1924 назар кунанд, ки он вақт Тоҷикистон вуҷуд надошт. Албатта, ин боиси таассуф аст».

Масоҳати умумии марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 971 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 471 километраш то ҳанӯз мавриди баҳси ду кишвар қарор дорад. Дар марзи ду кишвар 70 минтақаи баҳснок вуҷуд дорад, ки солҳо боз комиссияи дуҷониба сари он ба як хулоса наомдаанд.

"Мушкил бо Қазоқистон ҳал мешавад"

Алмосбек Отамбоев рӯзи 20 ноябр дар нишасти матбуотии хотимавии худ инчунин ба баҳси ахири Қирғизистон ва Қазоқистон муроҷиат кард ва гуфт, ки "мушкил бо Қазоқистон ҳал мешавад".

Давраҳое буд, ки дар парлумон як мушовири Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегашту пул тақсим мекард. Мо баъдан ба ин одам ҳақи вуруд ба кишварро манъ кардем. Дигар чунин кор такрор намешавад. Ҳоло вазъи як кишвари дигарро бесубот кардан осонтар аст, на кишвари моро

Изҳороти Отамбоев дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран ӯ дубора дар як суханронии тундлаҳнаш раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро “президенти пир” номид ва гуфт, ки тарзи бархӯрди Қирғизистон дар робита бо “мудохилаҳои интихоботии кишвари бегона” дуруст будааст.

Моҷарои марзӣ бо Қазоқистон, ки аз октябр идома дорад, баъди он шурӯъ шуд, ки президент Назарбоев пеш аз интихоботи президентии Қирғизистон номзади мухолифон Омурбек Бабановро ба ҳузур пазируфт ва Отамбоев аз ин ҳодиса бисёр хашмгин шуда, Остонаро дар мудохилаи сиёсӣ ба умури дохилии кишвараш айбор кард. Инчунин ӯ Назарбоевро як президенти пир номид, ки дар кишвараш фасод нашъунамо дорад. Дар пай 10 октябр Қазоқистон дар марз бо Қирғизистон маҳдудиятҳои шадиди убуру мурур ҷорӣ кард.

Рӯзи 20 ноябр дар Бишкек ҳам Отамбоев аз мавқеи худ ҳимоят кард ва гуфт, ки дигар ҳеҷ касе ҳақ надорад ба умури дохилии Қирғизистон дахолат кунад.

“Давраҳое буд, ки дар парлумон як мушовири Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегашту пул тақсим мекард. Мо баъдан ба ин одам ҳақи вуруд ба кишварро манъ кардем. Дигар чунин кор такрор намешавад. Ҳоло вазъи як кишвари дигарро бесубот кардан осонтар аст, на кишвари моро”, гуфт Отамбоев. Президенти Қирғизистон дар идома зоҳиран бо муроҷиат ба мақомоти кишвари ҳамсоя гуфт: “Вақте ман ба муддати 2 рӯз интиқоли обро қатъ кардам, ҳамон замон марзро боз карданд. То баҳор ду моҳи дигар мондааст. Мо ба касе ҳамла намекунем. Вале агар лозим шуд, ба пушт мехобонем”.

Президенти мунтахаби Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков қарор аст рӯзи 24 ноябр дар маросими савгандёдкунӣ иштирок кунад.

“Шабҳои бехобӣ доштам”

Отамбоев дар ҳузури журналистон гуфт, ки аз мақоми президентӣ бо эҳсоси сабукӣ меравад, чунки 6 соли охир барои ӯ як мӯҳлати бисёр сангин будааст. “Худоро шукр, ки ин ҳамаро ман бахубӣ пушти сар кардам”, гуфт ӯ. Вай гуфт, ки пеш аз ҳама баъди аз мақом рафтан мехоҳад истироҳат ва хоб кунад."Шабҳои зиёди бехобӣ доштам", гуфт ӯ.

Отамбоев ба интихоботи парлумонӣ меравад

Президент Алмосбек Отамбоев гуфт, ки баъди анҷоми мӯҳлати президентиаш мехоҳад фаъолиятҳои сиёсии худро идома дода, дар интитхоботи парлумонӣ аз ҷониби ҳизби ҳокими Сотсиал-демократии Қирғизистон номзад шавад. Вай гуфт, ки мехоҳад дар феҳристи ҳизбӣ дар мақоми аввал ба интихобот пешбарӣ шавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG