Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон баромад


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо шикаст додани тими “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳисоби 6:2 ба даври ниманиҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Бозии аввал низ бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 6:0 хотима ёфта буд.

Ҳамакун “Истиқлол” дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон бо ССКА «Помир» рӯбарӯ мешавад. Ҷуфти дигари нимфиналиро дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Барқчӣ»-и Ҳисор ташкил намудаанд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозии ҷавобӣ

«Эсхата» – «Истиқлол» – 2:6

Голҳо: Сайидамир Мирзоев, 6 (1:0). Амирбек Ҷӯрабоев, 8 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 18 – аз пеналтӣ (1:2). Ойбек Абдуғаффоров, 26 (1:3). Муҳаммадҷони Ҳасан, 35 (1:4). Эҳсони Панҷшанбе, 45 (1:5). Амирбек Ҷӯрабоев, 48 (1:6). Сӯҳроб Сабуров, 69 (2:6).

Огоҳонида шуданд: Александр Стетсенко, Нуриддин Давронов, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Муҳаммадҷони Ҳасан («Истиқлол»), 88 – дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ.

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Нуриддин Давронов («Истиқлол»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

20 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 450 тамошогар.

Бозии аввал – 0:6.

Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2018 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC дар мавсими оянда ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.

Соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

XS
SM
MD
LG