Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки имрӯз, 16-уми сентябр, дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ишқобод - шуруъ шуд, шаш медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод 17-уми сентябр баргузор мешавад.

Фирдавс Шарифов ва Фирдавс Абдупанобов дар мусобиқаи ҷиу-ҷитсу дар рақобатҳои ҷуфти мардона (Men's Duo Classic), Нигора Юсуфова ва Фирдавс Абдупанобов дар рақобатҳои ҷуфти омехта (Mixed Duo Classic) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар мусобиқаи гуштии анъанавӣ дар рақобатҳо оид ба тарзи озод миёни мардон чаҳор аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон - Фаридун Қурбонов дар вазни зери 57 кило, Анӯшервон Наврӯззода дар вазни зери 90 кило, Абдураҳмон Маматқулов дар вазни зери 100 кило ва Самандар Эрназаров дар вазни беш аз 100 кило - бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол варзишгарони даҳ кишвар медалҳои бозиҳоро ба даст овардаанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Туркманистон бо касби 10 медал – 2 тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ – дар ҷойи аввал аст. Тайланд бо касби 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва Покистон бо касби 1 медали нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбакистон ҳар кадом бо касби 6 медали биринҷӣ феълан дар ҷойи чаҳорум мебошанд.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод 17-уми сентябр баргузор мешавад. Бо даъвати раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳо ширкати сарони якчанд кишварҳо, аз он ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Чунонки сомонаи расмии Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ хабар додааст, дар ин бозиҳо варзишгарон аз 62 кишвар – 47 кишвари Осиё ва 17 кишвари Уқёнус - аз рӯи 21 намуди варзиш то рӯзи 27-уми сентябр рақобат мекунанд.

Ба иттилои ин манбаъ, барои ширкат дар рақобатҳо аз рӯи барномаи ин бозиҳо 135 варзишгари тоҷик (120 мард ва 15 зан) дар 15 намуд номнавис шудаанд: баскетбол (3х3) - 4 мард, гуштии камарбандӣ – 25 мард ва 1 зан, шоҳмот - 3 мард ва 2 зан, варзиши сабук - 6 мард ва 2 зан, ҷиу-ҷитсу - 7 мард ва 2 зан, кикбоксинг - 7 мард ва 3 зан, гуштии кураш - 6 мард, муайтай – 5 мард, самбо – 9 мард, шиноварӣ - 3 мард ва 3 зан, таэквондо WTF – 4 мард ва 1 зан, велотрек – 2 мард, гуштии анъанавӣ – 16 мард ва 1 зан, вазнабардорӣ – 5 мард, гуштии варзишӣ (юнониву румӣ ва озод) – 18 мард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгарони маъруф, ба мисли Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов, Беҳрӯзи Хоҷазода (гуштии кураш), Акмалиддин Каримов, Ҷомии Ҳасан (самбо), Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо WTF), Алишер Аҳмадов, хоҳарон Фотима ва Зӯҳро Холоваҳо (кикбоксинг), Искандари Рустам, Баҳодур Қодиров, Фарҳод Анақулов, Салим Хоҷаев, Азамат Сӯфиев (гуштии озод), Баховар Ҳасанов (гуштии юнониву румӣ), Анастасия Тюрина, Олим Қурбонов (шиноварӣ), Абдусалом Саломов, Акрамхӯҷа Тошмуродов (гуштии камарбандӣ), Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ (шоҳмот) ва дигарон ҳастанд.

Барои баргузор кардани Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар маркази Ишқобод шаҳрчаи олимпӣ сохта шуд. Дар ҳудуди он барои баргузории Бозиҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам аст. Шаҳрча 30 бино, минҷумла маҷмааи зист барои 12 ҳазор кас, марказҳои тиббӣ ва фарҳангӣ, варзишгоҳи дорои 45 ҳазор ҷойи нишаст, биноҳои иҷтимоиву маишӣ, нақлиёт ва ғайраро дарбар мегирад, ки ба маблағи умумии 5 миллиард доллари ИМА бунёд ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида мусобиқотест, ки дар ҳар ду сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешуд. Аввалин Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида соли 2005 дар Бангкок (Тайланд) барпо гардида буд. Аз соли 2013 Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида бо Бозиҳои осиёӣ оид ба ҳунарҳои размӣ ба чорабинии ягона - Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ - муттаҳид карда шуданд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 29-уми июн то 6-уми июли соли 2013 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуданд, 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Дар ин бозиҳо беш аз дуним ҳазор варзишгари 45 кишвари қора аз рӯи 11 намуд рақобат карданд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 варзишгар шомил буд, ки онҳо дар чаҳор навъи варзиш – гуштии кураш, кикбоксинг, каратэ муайтай ва E-спорт (варзиши электронӣ) ширкат варзиданд. Дар ин бозиҳо мусобиқот аз рӯи он намудҳое барпо гардид, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил нестанд, вале хеле шавқангезу ҷолибанд.

Парвиз Собиров дар намуди гуштии кураш дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кило ба унвони қаҳрамони бозиҳо даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт. Дар ин намуд Саидҷалол Саидов дар вазни зери 90 кило мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра шуд. Ду медали дигарро варзишгарони тоҷик дар сабқати кикбоксинг миёни занон ба даст оварданд. Зӯҳро Холова дар навъи Low Kick (kj rbr) дар вазни зери 52 кило бо медали нуқра ва Ганҷина Хабибуллоева дар навъи Point Fighting (поинт файтинг) дар вазни зери 55 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 30 кишваре, ки соҳибони медалҳои Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ гардиданд, дар мақоми 16-ум қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG