Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллионҳо СМС ба тарафдорӣ аз либоси миллӣ дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон субҳи 6-уми сентябр паёмак ё СМС-ҳои ғайриоддӣ дарёфт карданд. Дар ин паёмакҳо аз сокинони кишвар даъват шудааст, ки муқаррароти пӯшидани либоси миллиро риоя кунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар кишвар беш аз 6 миллион симкорти телефонҳои мобилӣ сабтином шудааст.

Бори нахуст аст, ки дар як қонуни Тоҷикистон таъкиди махсус дар заминаи либоси шаҳрвандон нашр мешавад. Ин бандро бархе фаъолон ва ҳуқуқшиносон хилоф бо меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон унвон карданд, ки озодиҳои инсонро маҳдуд мекунад.

Дар чанд паёми хурди телефонии муштариҳои ширкатҳои мобилӣ ҷумлаҳое ба мазмуни "Риояи либоси миллӣ ҳатмист", "Либоси миллиро эҳтиром кунед" ва "Биёед, либоси миллиро анъана табдил диҳем" пахш шудааст.

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки даъвати хаттии риояи қонуни нави танзим тавассути ширкатҳои мобилӣ бо дархости онҳо нашр шудааст. Маҳбуба Азимова, як масъули Кумитаи занон гуфт, онҳо ба ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” ва ба ширкатҳои дигари мобилии кишвар номаи расмӣ фиристода, хоҳиш кардаанд, ки дар мавриди эҳтироми либоси миллӣ ба муштариҳояшон паёмак фиристанд.

Дар як ширкати мобилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар заминаи даъвати мардум ба риояи либоси миллӣ аз Кумитаи занон номаи расмӣ дарёфт карда, мутобиқ ба ин нома паёмакҳои худро субҳи чаҳоршанбе ба муштариҳо ирсол кардаанд. Матни даъват ба риояи либоси миллиро ширкатҳои “Бабилон” ва “Тселл” ва дигарон ба муштариҳояшон ирсол карданд.

"Маҳдудият ба либоси аврупоӣ дахл надорад"

Даъвати Кумитаи занон ду ҳафта баъд аз тасвиби таҳриру иловаҳои нав ба Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон" садо медиҳад. Бар асоси тағйироти нав, ки боис ба баҳсу суолгузорӣ дар миёни сокинони Тоҷикистон шуд, бонувони тоҷик вазифадор шудаанд, ки дар маросими мардумӣ муқаррароти пӯшидани либоси миллиро риоя кунанд.

Рӯзи 6 сентябр Акмал Олимзода, ҳуқуқшиноси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, паёмакҳое, ки ба ширкатҳои мобилӣ фиристода шудааст, танҳо ба хотири ташвиқу тарғиби либоси миллӣ аст ва ба либоси аврупоӣ ва ба чӣ тавр пушидани либоси аврупоӣ дар кишвар ҳеҷ иртибот надорад

Видео: Қонуни танзимро қабул карданд, оқибаташ чист?

Қонуни танзимро қабул карданд, оқибаташ чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Барои нахустин бор аст, ки дар як қонуни Тоҷикистон таъкиди махсус дар заминаи либоси шаҳрвандон нашр мешавад. Ин бандро бархе фаъолон ва ҳуқуқшиносон хилоф бо меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон унвон карданд, ки озодиҳои инсониро маҳдуд мекунад. Дар оғоз мақомот гуфтанд, ки даъвати мазкур хусусияти машваратӣ дорад, ҳарчанд бо ёдоварӣ аз таҷрибаи иҷрои қонунҳо дар Тоҷикистон, бархе мегӯянд, ҳоло ин машварат ҳукми қонунро касб хоҳад кард.

Дар ин сурат мушаххас нест, ки иҷрои ин банди қонуни танзим ба кадом шакл сурат мегирад: оё бонувони дар як маърака бо либоси дигар ҳозиршуда муҷозот мешаванд ва агар чунин шуд, бар асоси кадом қонун?

Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир мубориза бо ифротгароиро шиддат бахшида, аз ҷумла танзим ва назорат аз сарулибоси занони тоҷикро ҳам як бахши ҳамин муборизаҳо унвон кардаанд. Дар нимаи аввали моҳи август дар Тоҷикистон рейдҳои махсуси сӯҳбат бо бонувон анҷом шуд, ки аз назари гурӯҳҳои кории созмондодашуда, на бо либоси миллӣ, балки бо ҳиҷобу сатр ва дигар навъҳои либоси мазҳабии ба қавли мақомот “бегона ба фарҳанги миллӣ” дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шудаанд.

Натиҷаи кори танҳо ду гурӯҳи кории иборат аз ходимони кумитаи танзиму дину занҳо ва пулис – сӯҳбат бо 8 ҳазор бонуи ҳиҷобпӯш шуд. Мақомот гуфтанд, ки тавонистанд беш аз 90 дарсади онҳоро барои тағйири либос карданашон мутақоид созанд, вале маълум нест, ки дар асл ин талабот аз ҷониби онҳо дар амал риоя мешавад, ё на.

XS
SM
MD
LG