Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Алифмоҳ: “Духтарам мегуфт, ки пайваста латту кӯб мешавад” ВИДЕО


Алифмоҳ Худойназарова
Алифмоҳ Худойназарова

Дар ҳоле ки чаҳор рӯз боз ҷустуҷӯи Алифмоҳ Худойназарова дар дарёи Вахш идома дорад ва дар ин муддат шавҳараш низ боздошт шудааст, наздикони ӯ иддао доранд, ки духтарашон пайваста латту кӯб мешуд ва эҳтимол ин вазъ ӯро ба худкушӣ расондааст. Нозанин Бобиева, модари Алифмоҳ, рӯзи 17-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ин ҳодисаро пинҳон мекарданд, ба умеде ки рӯзе хушунат поён меёбад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Модари Алифмоҳ: “Духтарам мегуфт, ки шавҳараш ӯро мезанад”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:26 0:00

"Гуфт, ки ба дарё мепартоям..."

“Духтарам мегуфт, ки шавҳараш Муҳаммадзариф Шарифов ӯро мезанад ва азият мекунад. Худам ду бор дидам, ки сиёҳу кабуд карда овард. Як бор дар манзили худамон дар пеши чашмам дасту пояшро баст ва гуфт, ки ба дарё мепартояд. Гуфтам, ки чаро мепартоӣ? Гуфт, ки ба дарё мепартоям, касе чизе гуфта наметавонад”, - шарҳ дод ӯ.

Нозанин Бобиева
Нозанин Бобиева

Алифмоҳ Худойназарова, зани 28-солаи сокини деҳаи Лангари шаҳри Норак, рӯзи 13-уми июн худро дар наздикии нирӯгоҳи барқи обии Норак ба дарёи Вахш партофт. Ба қавли наздиконаш вай думоҳа ҳомила буд. Феълан шавҳари ӯ Муҳаммадзариф Шарифови 42-сола дар боздоштгоҳи муваққатии Идораи пулиси шаҳри Норак нигаҳдорӣ ва бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ – “ба худкушӣ расондан” ва “чандҳамсарӣ” муттаҳам мешавад. Алифмоҳ аз шавҳари аввалааш талоқ гирифта, як сол қабл ба никоҳи Шарифов даромада будааст.

"Язнаам гуфт: Мон, ки равад..."

Паримоҳ Худойназарова, хоҳари хурдии Алифмоҳ, гуфт, ки лаҳзаи ба дарё партофтани хоҳарашро аз дур шоҳид шуд ва зуд шавҳари ӯ Муҳаммадзариф Шарифовро хабардор кардааст. Паримоҳ дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “вақте расида омадам, дар рӯи об мерафт. Даст мезад ва чашмаконаш кушода буд. Ба язнаам гуфтам, ки халос кунад, вале гуфт, вақте ҳурмати тифли батнашро накардааст, мон, ки равад”, - афзуд ӯ.

Вақте расида омадам, дар рӯи об мерафт. Даст мезад ва чашмаконаш кушода буд. Ба язнаам гуфтам, ки халос кунад, вале гуфт, вақте ҳурмати тифли батнашро накардааст, мон, ки равад

Дурустии ин иддаоро дар ҳоли ҳозир тасдиқ кардан мушкил аст. Чун Муҳаммадзариф Шарифов дар боздошт қарор дорад ва ҳанӯз вакили дифои ӯ дар ин бора изҳори назар накардааст.

Аммо Иброҳим Шарифов, падари Муҳаммадзариф Шарифов, дар канори дигари шаҳри Норак дар деҳаи Тутқавули ҷамоати “Пули сангин”, аз инки писараш дар боздошт қарор дорад, нигарон аст.

Падари Иброҳим: "Мо аз қазияи Алифмоҳ хабар надоштем"

Иброҳим Шарифов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бачаам гуфта буд, зани рус овардааст ва исрор дошт, ки бояд як зани тоҷик гирад. Ман гуфта будам, ки ҳамин аврат ҷавоби сад занро медиҳад. Бачаи ҷавон ин духтарро гирифтааст. Ман ҳамроҳи оилаам ин духтарро намедонем, ки кӣ ҳаст. Онҳо худашон “оқсақолӣ” карда, ба никоҳи писарам додаанд. Мо ҳатто намедонем, ки хонаи ҳамин духтар дар куҷост.”

Иброҳим Шарифов
Иброҳим Шарифов

Мақомоти шаҳри Норак мегӯянд, дар талоши пайдо кардани ҷасади Алифмоҳ ва таҳқиқи сабабҳои худкушии ӯ ҳастанд. Сайлӣ Расулова, мудири бахши кор бо занони шаҳри Норак, мегӯяд, Алифмоҳ баъд аз хатми мактаб дарҳол шавҳар карда ва зоҳиран ин бетаҷрубагӣ ӯро зуд дар дарёи зиндагӣ ғарқ кардааст. Ӯ аз хонаводаи Алифмоҳ низ интиқод кард, ки чӣ гуна дидаву дониста духтарашонро барои зани дувум дар ихтиёри Муҳаммадзариф Шарифов гузошта ва муддатҳо аз хушунат шудани ӯ лаб фурӯ бастаанд.

Моҳигирон ҳам ба ҷустуҷӯи ҷасад ҳамроҳ шуданд

Ҳоло дар соҳили дарёи Вахш ҷустуҷӯи ҷасади Алифмоҳ идома дорад. Моҳигирон низ муваззаф шудаанд, ки дар сурати мушоҳида намудани ҷасад мақомотро хабардор кунанд.

Дарёи Вахш
Дарёи Вахш

Ҳодисаҳои худкушӣ ё қасди худкушӣ дар миёни занон дар Тоҷикистон нав нест. Ваҳшатноктарин ҳодиса – худкушии Зӯҳро Маҳмуродова – сокини деҳаи Қибили шаҳри Норак дар якуним соли пеш буд. Ин зан ҳамроҳ бо 4 фарзанди ноболиғаш рӯзи 5-уми феврали соли гузашта худро ба дарёи Вахш афканд.

Ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, ки дар аксар ҳолат хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки 168 нафари онҳо зан будаанд.

XS
SM
MD
LG