Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Арманистон


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки 29 май дар Сочии Русия шуруъ шуд, дар нахустин бозиаш аз тими Арманистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистон ба Шарифбек Раҳматов марбут аст. Ду голи мунтахаби Арманистонро Нарек Григорян ва як голро Арам Колозян ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигар мунтахаби наврасони Қазоқистон бо ҳисоби 3:1 бар дастаи Краснодар пирӯз шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқа бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва кишвари Краснодари Русия дар варзишгоҳи «Юност»-и Сочи то 2 июн идома хоҳад кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аслан аз ҳисоби бозигарони тими лигаи аввали футболи кишвар - «Локомотив-Помир»-и Душанбе - таркиб ёфтааст, таҳти раҳбарии Зайниддин Раҳимов бозии дувумашро 30 май бо дастаи Краснодар анҷом медиҳад.

Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Ду дастаи дигар барои ҷойи севум рақобат мекунанд.

Ин мусобиқа барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 16 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба шумор меравад. Дар сабқати интихобӣ рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Умон, Сурия, Туркманистон ва Молдив мебошанд.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Сочи

Даври 1-ум

Арманистон (U-16) – Тоҷикистон (U-15) – 3:1

Голҳо: Нарек Григорян (2), Арам Колозян – Шарифбек Раҳматов.

Кишвари Краснодар (U-16) – Қазоқистон (U-16) – 1:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арманистон (U-16)

1

1

0

0

3-1

3

2

Қазоқистон (U-16)

1

1

0

0

3-1

3

3

Тоҷикистон (U-15)

1

0

0

1

1-3

0

4

Краснодар (U-16)

1

0

0

1

1-3

0

Тақвими бозиҳои мусобиқаи Сочи:

Даври 1-ум

29 май (душанбе)

Краснодар – Қазоқистон - 1:3

Арманистон – Тоҷикистон- 3:1

Даври 2-юм

30 май (сешанбе)

13:00 Краснодар – Тоҷикистон

18:00 Арманистон – Қазоқистон

Даври 3-юм

1 июн (панҷшанбе)

13:00 – Краснодар – Арманистон

18:00 Қазоқистон – Тоҷикистон

2 июн (ҷумъа)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

16:00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG