Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи дигари баҳси Кумитаи дин ва "Муҳаммадия"


Баҳси Кумитаи дин ва хонаводаи Тураҷонзодаҳо бар сари фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» ба марҳилаи дигаре аз ҷараёни худ расид.

Ҳазорон намозгузори ин масҷид интизор доштанд, ки бо пушти сар шудани фурсати семоҳаи таваққуфи он, дарҳои «Муҳаммадия» дубора барои гузоштани намози ҷумъа боз шавад.

Аммо акнун Кумитаи дин аз додгоҳи ноҳияи Ваҳдат дархости комилан қатъ намудани фаъолияти ин масҷидро намудааст. Кумитаи дин мегӯяд, ки дар зарфи ин се моҳ масъулини «Муҳаммадия» - бародарон Тураҷонзодаҳо на танҳо камбудиҳои дар огаҳии ин кумита ҷой доштаро ислоҳ накарданд, балки пайваста дар намозҳо имоматӣ карданд, дар ҳоле, ки имоматии онҳо дар ин муддат мамнӯъ буд.

Мавлон Мухторов
Мавлон Мухторов
Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд: «Баъзе камбудиҳо ҷой доштанд, ба баъзе камбудиҳо роҳ дода шудааст, бар асоси ҳамон камбудиҳо суд қарори худашро мебарорад.»

Ҳоло ҷудо аз ин баҳс мехоҳем суроғи касоне, хоса пирамардону ришсафедонеро бигирем, ки солҳо дар «Муҳаммадия» намоз гузоштаанд ва се моҳ боз маҷбуранд ба ҷои дигаре барои адои фарз бираванд. Ин муйсафедон маҷбуранд ҳар ҳафта як бор ба деҳоти атроф барои адои намози ҷумъа бираванд. Вале агар ин муассиса ҳамчун масҷид баста шавад, маҷбуранд рӯзе панҷ бор ба деҳоти атроф бираванд ва ё намози худро дар хона бигузоранд.

Аз Нурулло Ғафуров, сокини 69-солаи деҳаи Ваҳдатобод мепурсам, ки имрӯз намози худро дар куҷо гузошт: «Дар назди идораи калхоз, дар пеши духтурхона як кателний буд, ҳамона масҷид карданд. Ҳар ҷумъа меравам ҳамон ҷо, гап дар дурии роҳаш нест, вале шароит надорад. Барои ду саду панҷоҳ нафар аст он масҷид, вале одами зиёд ҷамъ мешавад, барои ин ки масҷиди калона бастаанд, мардуми зиёд он ҷо ҷамъ мешавад, аксарияташ дар берун ва роҳравҳо намоз мехонад, танг аст, таҳоратхона надорад.»

Бар асоси шароити Қонуни дини Тоҷоикистон, масҷиди ҷомеъ ҳамзамон мақоми муассисаи диниро низ дорад. Ва як шарти иҷоза додан ба фаъолияти масҷиди ҷомеъ, вуҷуди даҳ ҳазор ҷамъияти намозгузор аст.

Баъди маҳдуд шудани фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия», мақомот ба 19 масҷиди панҷвақта дар ноҳияи Ваҳдат мақоми масҷиди ҷомеъро доданд. Ва ҳадаф аз ин иқдом ҳам ҷуброн намудани маҳдудияти масҷиди «Муҳаммадия» буд. Аммо намозгузорон мегӯянд, ки аксарияти масҷидҳои давру бари Ваҳдатобод, ки чунин мақоме гирифтаанд, шароити маҳдуд доранд ва фақат барои дусад то сесад нафар сохта шуданд. Ва боз ҳам ба ниёзи ҷамъият посух намедиҳанд.

Аммо Муқим, сокини дигари шаступанҷсолаи ҳамин деҳа чанд маротиба намози ҷумъаро дар деҳаи Ваҳдатобод адо кардааст. Вале мегӯяд, ба далели мавҷуд набудани шароит, ӯ ва хеле аз пирамардони дигар маҷбуранд, ки ба ҷойи ҷумъа, дар хона пешин бихонанд: «Бисёре аз пирамардон наметавонанд рафтан, шароит надоранд, дар хонаҳошон пешина мехонанд, тамом. Ҷумъахонӣ банд шудааст меган. Ҷои шароитдор ин масҷиди калон буд, ки инро банд кардаанд.»

Ба ҳамин тартиб, баҳси хонаводаи Тураҷонзодаҳо ва Кумитаи дин ба гуфтаи соҳибназарон бархе аз камбуди қонунгузории Тоҷикистон, аз ҷумла шароити сабти номи масҷиди ҷомеъаро низ собит кард. Ин қонун барои иҷозаи фаъолияти иттиҳодияи динӣ, яъне масҷиди ҷомеъ ҳузури 10 ҳазор намозгузорро меҳвар қарор дода, аммо аз фароҳам кардани шароит барои намозгузориро ҳатмӣ накардааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло аксари масҷидҳои ҷомеъ зарфияти ҳузури ба роҳати 10 ҳазор намозгузор, таҳоратхона ва ҳоҷатхона ва инчунин истгоҳи мошинҳоро надоранд. Ҳатто бузургтарин масҷидҳои Душанбе низ аз ин шароит бебаҳраанд.

Гуфтанист, Кумитаи дини Тоҷикистон дар моҳи декабр ба далели баргузории маросими «Ошӯро» масҷиди "Муҳаммадия"-ро барои се моҳ мутаваққиф карда буд. Акнун Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, қозии собиқи мусулмонон мегӯяд, ки аз болои ин иқдоми Кумитаи дин шикояту даъво нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG