Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон


Дар шаҳри Байконури Қазоқистон Хуршед Холов, муҳоҷири 31-солаи тоҷик, аз дасти як гурӯҳи ҷиноӣ ба қатл расидааст. Хуршед дар як истгоҳи мошинҳо дар шаҳри Байконур посбон буд. Ӯ даҳ соли қабл ба ин ҷо омада буд. Тайи як моҳи ахир ин севвумин ҳодисаи ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Ҷинояткорон, ки худ кормандони он дафтар будаанд, даст ба дуздии маблағи дар дафтарбуда задаанд ва ҳангоми кӯшиши дастгир кардани ҷинояткорон, Хуршед дар набарди нобаробар кушта шудааст.

Хуршед 10 сол қабл ба Байконур омада, дар ин шаҳр кору зиндагӣ мекард. Вай бо фурӯтаниву инсондустӣ дар байни ҳамкорон ва дӯстонаш соҳиби иззату эҳтиром гардида буд. Ӯро бисёриҳо чун варзишгар низ мешинохтанд. Хуршед дар Байконур ба қазоқдухтаре издивоҷ карда буд ва онҳо соҳиби як писар гардиданд.

Ассомуддин Бобиев, корманди пулиси роҳи шаҳри Байконур ва ҳамдиёри Хуршед, дар сӯҳбат бо родиои Озодӣ гуфт, Хуршед ҳамеша ёди Тоҷикистон мекард, зеро мушкили иқтисодӣ дошт ва ҳуҷҷатҳояш низ такмил набуд ва аз ин рӯ 10 сол боз ба ватан нарафта буд. Соли гузашта чун хоҳараш даргузашт, ӯ хост тавассути Ӯзбакистон ба ҷанозаи хоҳараш биравад. Вале дар марзи Ӯзбакистон ӯро иҷозаи убур надоданд ва ӯ бозпас омад.

Асомуддин гуфт, ӯ ҷанозаро аз Байконур то Алмаато оварда, бо ёрии сафорати Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба Душанбе фиристодааст. Дар ин кор ҳамчунин тоҷикони шаҳрҳои Байконуру Алмаато кумак кардаанд.

Тайи як моҳи ахир ин сеюмин ҳодисаи ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар аст. Ду ҳафта қабл як муҳоҷири тоҷик дар бозори “Барахолка”-и шаҳри Алмаато ҳангоми убури роҳ зери мошин мемонад. Як тоҷики ноҳияи Сариоғочро хешовандаш бо ғаразҳои хусусӣ дар Костанай ба қатл расонида буд.
XS
SM
MD
LG