Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД: "Аниса ва Мадина ба оворагардӣ машғул буданд" ВИДЕО


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як баёнияи расмӣ аз ёфт шудани хоҳарон Аниса ва Мадинаи Ашӯралӣ, сокинони ноболиғи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, хабар дод. Масъулони вазорат баъд аз зуҳри 16-уми сентябр, пас аз бозпурсии хоҳарон гуфтанд, ки ин ду нафар гӯё тӯли чаҳор рӯз ба оворагардӣ машғул будаанд. “Ҳоло онҳо ба дасти волидонашон супурда шуданд”, - гуфтанд дар Вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ.

Хосият Муҳтоҷова: "Духтарони ман оворагард нестанд"

Аниса ва Мадина, ки яке 16 ва дигаре 13 сол дорад, рӯзи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бедарак шуданд. Аниса баъд аз хатми синфи нуҳум аз идомаи таҳсил даст кашида ва Мадина дар синфи 7-уми мактаби рақами 36 мехонад.

То ҳол Анисаву Мадина ба матбуот дар бораи тӯли чаҳор рӯз дар куҷо буданашон чизе нагуфтаанд. Талоши мо барои сӯҳбат бо онҳо низ то ин дам бенатиҷа буд. Аммо Хосият Муҳтоҷова, модари Аниса ва Мадинаи Ашӯралӣ рӯзи 16-уми сентяр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо хулосаи Вазорати умури дохилӣ бар бораи гӯё оворагардии духтаронаш розӣ нест.

Ӯ гуфт, "ҳамин рӯз соати 10 бо таксӣ омаданд. Ҳанӯз дар бораи ҳодиса напурсида, маъмурони пулис онҳоро бо худ бурданд. Ҳанӯз асли қазияро намедонам. Аммо духтарони ман оворагард нестанд. Агар оворагард мебуданд, худам онҳоро ба пулис месупурдам."

Анисаву Мадинаро кӣ ёфт?

Аз ин пеш, як манбаъ дар Идораи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки хоҳарон Аниса ва Мадинаи Ашӯралиро баъд аз чаҳор рӯзи бедарак будан дар маҳаллаи 91-уми пойтахт ёфтаанд. Манбаъ гуфта буд, бино ба иттилои муқаддамотии онҳо хоҳаронро касе надуздидааст.

Пайвандони Аниса ва Мадинаи Ашӯралӣ рӯзи ҷумъа расман аз бедарак будани духтаронашон ба матбуот ва мақомоти умури дохилӣ хабар дода, барои ҷустуҷӯи онҳо кумак хостанд. Хосият Муҳтоҷова, модари Аниса ва Мадина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин муддат фақат як занги телефонӣ қабул карданд ва он ҳам бо нидои “очаҷон” хотима ёфт.

Навор аз 15-уми сентябр:

Аниса ва Мадина, ки яке 16 ва дигаре 13 сол дорад, рӯзи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бедарак шуданд. Аниса баъд аз хатми синфи нуҳум аз идомаи таҳсил даст кашида ва Мадина дар синфи 7-ум мехонад.

Хосият Муҳтоҷова, модари Аниса ва Мадина гуфт, ҳодиса аз онҷо оғоз ёфт, ки Мадина рӯзи 12-уми сентябр нахост ба мактаб биравад, зеро онҳо натавониста буданд, пули китобҳои аз мактаб гирифтаашро бипардозанд.

Мадинаи Ашӯралӣ
Мадинаи Ашӯралӣ

“Мадина гуфт, ки ба мактаб намеравад, чун муаллима пули китобро мепурсад. Ба ӯ гуфтам, ки пули китоби Азизҷону Маҳинаҷонро додем, ҳамин ки пул шуд, маблағи китобҳои туро ҳам медиҳем. Хуб гуфт ва ман ба кор рафтам. Аммо нисфирузӣ хоҳараш Аниса гуфтааст, ки рафтем ман ба муаллимаат вазъиятро мефаҳмонам. Соати 12:05 аз хона баромада бедарак шуданд", - афзуд Хосият Муҳтоҷова.

Аниса ва Мадина духтарони дувум ва севуми хонавода буда, ду хоҳару як бародар доранд. Хосият Муҳтоҷова корманди тиб ва падари хонавода Сафар Ашӯров афсари мустаъфист.

Хосият Муҳтоҷова: “Фақат як бор очаҷон гуфт ва касе гӯширо аз дасташ гирифт”

Солҳои охир хабари гум шудани афроди синну соли гуногун дар Тоҷикистон нашр шуда, бархеи онҳо бо гузашти чанд рӯз пайдо гардидаанд. Аммо баъзеи онҳо бо гузашти солҳо ёфт нашудаанд ва маълум нест, ки дар куҷову чӣ ҳол доранд.

Анисаи Ашӯралӣ
Анисаи Ашӯралӣ

​Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳарчанд дар барномаҳои ҷудогонаи телевизионӣ ва вебсайти расмиаш аз гум шудани ин ё он нафар хабар медиҳад, вале нагуфтааст, ки барои мисол, дар маҷмуъ, дар як соли охир чӣ қадар аз шаҳрвандони кишвар гум шуда, чӣ теъдоди онҳо пайдо гардидаанд. Аммо бар асоси иттилои соли 2013-ум, ки ҳамин вазорат нашр карда буд, ҳамон сол дар кишвар 232 нафар ноболиғ гум шуда, дар пайи ҷустуҷӯ 227 нафарашон ёфт шудаанд.​

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG