Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскар Оқоев барои иштибоҳҳояш узрхоҳӣ кард


Дар остонаи 21-умин солгарди истиқлолияти Қирғизистон президенти собиқи ин кишвар аз мардумаш маъзарат хост.

Оқоев, ки аз соли 1990 то соли 2005-ум президенти Қирғизистон будааст, эътироф мекунад, ки дар даврони раёсатҷумҳурии ин кишвар ба иштибоҳҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва шахсӣ роҳ додааст. Рӯзи панҷшанбе дар як сӯҳбати вижаи телефонӣ бо радиои Озодӣ Аксар Оқоев аз шаҳри Маскав гуфт:

"Мардуми азиз! Тайи 14 соли раҳбарии ман камбудиҳо вуҷуд дошт, иштибоҳҳои бузург ҳам буд. Ва агар иштибоҳҳои ман дар давраи раёсатам ё баъди он ба кишвар таъсири манфӣ расонда бошад, инҷо мехоҳам бо истифода аз фурсат аз тамоми мардуми Қирғизистон узр бипурсам”.

Оқоев бовар дорад, ки Қирғизистон мушкилиҳои кунуниро пушти сар хоҳад кард. Ӯ таъкид мекунад, ки барои расидан ба ин ҳадаф се чиз: устуворӣ, эҳтироми қонун ва адолат зарур аст.

Дар солҳои раҳбарии Оқоев Қирғизистон ҷазираи демократия дар Осиёи Марказӣ номида мешуд, вале ӯ ҳам монанди дигар раҳрбарони Осиёи Марказӣ баъди ду даври президентӣ қонуни асосиро тағйир дода, бори сеюм раисҷумҳур интихоб шуд. Имрӯз президенти аввали Қирғизистон пушаймон будааст, ки сари вақт аз саҳнаи сиёсӣ худро канор накашид.

Оқоев дар паи эътирозҳои мардумии моҳи марти соли 2005-ум аз қудрат дур шуд ва ҳоло дар Маскав сукунат ихтиёр карда, дар яке аз донишгоҳҳои Русия дарс медиҳад.

Дар ҳамин ҳол собиқ президенти Қирғизистон пешбарии Қурмонбек Боқиев ба мақоми нахуствазирии ин кишварро бузургтарин хатояш унвон додааст.

Пешбарии раиси як корхонаи хурд ба мақоми волии ду вилоят ва баъдан ба мансаби сарвазири кишвар хатои бузурги ман аст. Ҳодисаҳои солҳои 2005-2010-ум нишон медиҳанд, ки ин воқеан бузургтарин хатои ман будааст. Ӯ ба халқи қирғиз зиёни зиёд овард.”

Вале президенти баъдии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки ҷои Оқоевро ишғол намуд, баъди панҷ сол дар натиҷаи эътирозҳои мардумӣ ҳамчунон аз мақоми президентӣ барканор шуд. Ҳоло ӯ дар хоки Беларус паноҳ бурда, аз ҷониби сохторҳои қудратии Қирғизистон дар куштори даҳҳо эътирозгари моҳи марти соли 2010 ва чандин мавриди фасоду ришвахорӣ муттаҳам мешавад.


Ҷои ёдоварист, ки соли 2005-ум ҳам мардум аз фасод ва ба хусус иштиҳои бузурги наздикони президент Оқоев дар ишғолу азхудкунии муассисаҳои ин кишвар эътироз доштанд.


Вале президент Оқоев хусусигардонии муассисаи тавлиди тило бо номи Қумторро ба ёд оварда, таъкид мекунад, ки ҳеҷ манфиати хусусӣ надошааст. Ба қавли Оқоев солҳои навадум нархи тило паст буд ва сармоягузорон барои харидани ин корхона таваҷҷӯҳи зиёд надоштанд.


Дар охири сӯҳбат президенти аввали Қирғизистон Оқоев умедворӣ кардааст, ки кишвар орому муттаҳид боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG