Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: “Ин қувва комилан аз роҳи адолат берун шудааст”


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон

Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури собиқи Эрон – навори қувваи қазоияи ин кишвар алайҳи Ҳамид Бақоӣ, яке аз афроди наздик ба ӯро “хандаовар” хонд. Вай рӯзи 25-уми март дар як изҳорот гуфт, “ин қувва ба таври комил аз роҳи адолат берун шудааст”.

Як мушт коғаз

Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 низ бори дигар барои чаҳор сол ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, бо мухолифатҳои зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯ ба рӯ шуд.

Аҳмадинажод гуфт, қувваи қазоияи Эрон “дар хидмат ва хосту манфиатҳои мақомоти он” қарор дорад. Ӯ бори дигар ҳукми додгоҳ алайҳи Ҳамид Бақоиро “аз пеш таъйиншуда ва сиёсӣ” хонд ва қувваи қазоияро муттаҳам кард, ки як мушт коғазро ба унвони иттиҳомоти иқтисодӣ ҷамъ овардааст.

Раиси ҷумҳури собиқи Эрон, инчунин, бо ишора ба видеои нашршуда алайҳи Ҳамид Бақоӣ дар хабаргузории қувваи қазоия гуфт, “эътирофҳои мудирони Бақоӣ дар ин филм таҳти фишор буда ва онҳо пас аз озодӣ гуфтанд, ки ин суханон фармудаи дастгоҳҳои амниятӣ аст.”

Фасоди молӣ - иттиҳоми зидди ду нафари наздик ба Аҳмадинажод

Хабаргузории “Мизон”, вобаста ба қувваи қазоия, ҳафтаи гузашта видеоеро нашр кард, ки чанд аз мудирони зери раҳбарии Ҳамид Бақоӣ, раиси пешини созмони Мероси фарҳангӣ ва муовини вақти раиси ҷумҳурӣ, ӯро ба “ришва” муттаҳам карданд. Ҳамид Бақоӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.

Исфандиёр Раҳими Машоӣ
Исфандиёр Раҳими Машоӣ

Аммо ин танҳо афроди наздик ба Аҳмадинажод нест, ки паси милаҳои зиндон нишастааст. Мақомоти Эрон ҳафтаи гузашта Исфандиёр Раҳими Машоӣ, раиси дафтари Маҳмуди Аҳмадинажодро пас аз онки ҳукми Бақоиро дар рӯ ба рӯи сафорати Бритониё оташ зад, боздошт карданд.

"Ӯ набояд дар бораи қонун ва озодии баён суҳбат кунад"

Пас аз боздошти ин ду нафар вебсайтҳои наздик ба Маҳмуди Аҳмадинажод матни ду номаи пешини ӯ – хитоб ба раҳбари Ҷумҳурии Исломиро нашр карданд. Дар ин номаҳо зимни интиқоди шадид аз вазъияти Эрон, оқои Аҳмадинажод хостори ислоҳи сохтори баъзе аз ниҳодҳо, аз ҷумла шӯрои нигаҳбон ва қувваи қазоия шудааст.

Баъзе аз чеҳраҳои мавсум ба ҷиноҳи усулгаро дар Эрон бо ишора ба ҷузъиёти ҳукми содиршуда барои Ҳамид Бақоӣ ва Исфандиёр Раҳими Машоӣ, айби онҳоро фасоди молӣ меноманд. Аз ҷумла Аҳмад Таваккулӣ, намояндаи пешини Маҷлис ва узви кунуни ташхиси маслиҳати низом, гуфтааст, ки гуноҳуи ин ду нафар молист.

Ҳамид Бақоӣ
Ҳамид Бақоӣ

Таваккулӣ, инчунин, бо ишора ба қисмате аз номаи ахири Маҳмуди Аҳмадинажод дар бораи “зиндонӣ будани садҳо зану мард танҳо ба далели ибрози ақида” гуфт, “ин фард набояд ба худ иҷоза диҳад, ки дубора дар бораи калимаҳое чун қонун ва озодии баён суҳбат кунад”.

Маҳмуди Аҳмадинажод - омадану баргаштан

Маҳмуди Аҳмадинажод дар тобистони соли 2005 дар ҳоле раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд, ки мири шаҳри Теҳрон ва фарди начандон шинохта буд. Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 низ бори дигар барои чаҳор сол ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, бо мухолифатҳои зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯ ба рӯ шуд. Маҳмуди Аҳмадинажод аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид қазияи Ҳолокост ё қатли оми яҳудиёнро “афсона” ва омилҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқро “мармузу торик” хонд.​

Аҳмадинажоди 60-сола баъд аз хатми давраи президентиаш барои тадрис ба донишгоҳ баргашт. Ӯ унвони номзади илм дар арсаи нақлиётро дорад ва қабл аз карйераи сиёсиаш ҳам дар донишгоҳ дарс мегуфт.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG