Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси парлумони Афғонистон ба Душанбе меояд


Абдурауф Иброҳимӣ, раиси Шӯрои миллии Афғонистон рӯзи чоршанбеи 3 декабр дар раъси ҳайате аз мақомҳои парлумони ин кишвар ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 1 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдурауф Иброҳимӣ, раиси Шӯрои миллӣ ё палатаи поёнии парлумони Афғонистон бо даъвати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ба ин кишвар сафар мекунад.

Тибқи иттилои расмӣ Абдурауф Иброҳимӣ, тайи сафари серӯза ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон ва дигар шахсони расмӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Густариши равобиту ҳамкориҳои порлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар меҳвари сафари раиси Шӯрои миллӣ ё порлумони Афғонистон ба Тоҷикистон қарор дорад.

Абдурауф Иброҳимӣ, ки намояндаи аққаллияти узбак ва узви ҳизби Ҷамъиятии исломии марҳум Бурҳониддин Раббонӣ аст, моҳи феврали соли 2011 ба унвони раиси Шӯрои миллӣ ё палатаи поёнии порлумони Афғонистон интихоб гардид.

Сафари расмии Абдурауф Иброҳимӣ ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки охири моҳи октябр Шукурҷон Зуҳуров, дар раъси ҳайате мақомоти тоҷик дар маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳур ва раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон иштирок дошт.

Афғонистон, ҳамсояи наздик ва ҳаммарз дар тӯли беш аз 1300 км бо Тоҷикистон аст. То кунун байни Тоҷикистону Афғонистон болои рӯдхонаи Панҷ расман панҷ пул (пулҳо дар Панҷи Поён – “Дӯстӣ”, Ишкошим, Хоруғ (Тем), Дарвоз (Рузвай) ва Ванҷ (Хумроғӣ) сохта шудааст.

Соли 2011 хатти интиқоли барқи 220 кВ Сангтуда-Пули Хумрӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар Тоҷикистон айни ҳол 85 ширкати афғонӣ фаъолият мекунад. То имрӯз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 68 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расидааст.

Ба иттилои расмӣ мубодилоти коло миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар муқоиса ба солҳои пеш се маротиба афзудааст ва ба ҳудуди 150 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

XS
SM
MD
LG