Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии пурқурбонӣ дар меҳмонхонаи канори Кобул


Артиш ҷасади як қурбонии даргириҳои меҳмонхонаро ба мошин интиқол медиҳад
Артиш ҷасади як қурбонии даргириҳои меҳмонхонаро ба мошин интиқол медиҳад

Дар давоми 12 соати даргириҳо бо Толибон 20 нафар ба ҳалокат расид.

Аз миёни кушташудаҳо 15 нафарашон мардуми мулкӣ ва чаҳор нафарашон ҷангиёни шӯришӣ буданд,-мегӯянд мақомоти Афғонистон.

Шаби 21-уми июн гурӯҳи ҷангиёни Толибон ба меҳмонхонаи воқеъ дар канори Кобул ҳамла карда, меҳмону кормандони онро ба гарав гирифтанд. Ба дунболи ин, бо ширкати нерӯҳои амниятӣ ва кӯмаки НАТО ва нерӯҳои посдори сулҳи байналмилалӣ даргириҳои шадиде сурат гирифт, ки наздики 12 соат идома кард ва зӯҳри ҷумъа хотима ёфт.

Ба қавли мақомоти пулис, ҳамлагарон бо гранатомет ва норинҷакҳо мусаллаҳ буданд.
Дар соатҳои аввали ҳамла, Толибон бо пахши изҳороте масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта гуфтанд, ки афғонҳои сарватманд ва хориҷиҳо меҳмонхонаи “Спожмай”-и воқеъ дар кӯли Қарғаро ба маҳалли “хушиҳои бадахлоқ” табдил додаанд. Пулис гуфт, ба ҳангоми ҳамла дар дохили меҳмонхона як маросими хусусии тафреҳӣ ҷараён доштааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст. Ба қавли ӯ, "фоҷиа тамом шуд. Ҳамаи чаҳор террористе, ки омада ин ҳамларо шурӯъ карданд, нобуд шуданд." Пулис мегӯяд, яке аз ҳамлагарон камарбанди бомгузоришудаи худро таркондааст. Даргириҳо бо кушта шудани охирин ҷангии Толибон анҷом шуд.

Гузоришҳо ҳокист, ки баъзе бошандагони меҳмонхонаи дутабақа ва коргарони он барои наҷоти ҷони худ аз тиреза ба берун ҷаҳидаанд. Меҳмонхонаи "Спожмай" ҳар шоми панҷшанбе дар пешорӯи рӯзҳои истироҳати ҳафтагӣ ҷашну хушгузарониҳо ташкил мекардаанд, ки дар миёни афғонҳо ва ҳам меҳмонҳои хориҷӣ шӯҳрат доштааст. Носираҳмад, як ҷавоне, ки дар наздикии меҳмонхона зиндагӣ мекунаду ду бародараш дар ин меҳмонхона кор мекунанд, гуфт, шунидааст, ки ба ҳангоми ҳамла дар дохили меҳмонхона кадом маросиме мегузашт.

Даргирии пурқурбоние дар меҳмонхонаи канори Кобул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00
Линки мустақим


Соли 2014-ум нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ният доранд, хоки Афғонистонро тарк кунанд ва назорати амният дар кишвар бар дӯши худи афғонҳо мегузарад. Соатҳо қабл аз вуқӯи ин ҳамла президент Ҳомид Карзай дар як нишасти махсуси порлумони Афғонистон дар бораи болоравии хушунатҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Воқеан ҳам рӯзҳои охир аз Афғонистон хабарҳои хеле зиёд роҷеъ ба хушунатҳо мерасад. Дар ҳодисаи охир се сарбози амрикоӣ ва беш аз даҳ мулкӣ кушта шуданд. Ин ҳодисаҳо бештар дар шарқи кишвар ба назар мерасанд, ки нерӯҳои НАТО ҳам он ҷо қарор доранд.

Дар гузориши нерӯҳои байналмилалӣ гуфта мешавад, ки дар ҳамлаи меҳмонхонаи канори Кобул ҳам мардуми мулкӣ ва ҳам пулис мавриди ҳадаф қарор гирифтанд ва ба дасти онҳо иттилои мухталиф роҷеъ ба мизони хисороту қурбониҳо мерасад.
XS
SM
MD
LG