Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулфайз Атоев ҷойгузини Давлат Назриев шуд


Абдулфайз Атоев. Акс аз сомонаи http://www.khovar.tj
Абдулфайз Атоев. Акс аз сомонаи http://www.khovar.tj

Абдулфайз Атоев, дипломати тоҷик, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ-и Тоҷикистон таъин шуд.

Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Давлат Назриев шуд, ки ба унвони дипломат дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Давлат Назриев, раиси собиқи Раёсати итилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии ин вазорат рӯзи - 9-уми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки ба ҷои ӯ дар ин мақом Абдулфайз Атоев таъйин шуд ва сар аз ҳамин рӯз ба фаъолияти шуруъ хоҳад кард.

Абдулфайз Атоев, соли 1953 дар ноҳияи Москва ( ҳоло Ҳамадонӣ) таваллуд шудааст. Вай Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда ва дар вазифаҳои корманди масъули рӯзномаи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, котиби якуми департаменти вазорати корҳои хориҷӣ ва дар сафорати Тоҷикистон дар Эрон кор кардааст. Ахиран дар мақоми консули Тоҷикистон дар шаҳри Кундузи Афғонистон фаъолият менамуд. Абдулфайз Атоев аз нахустин вакилони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати якум дар солҳои 1995- 2000 буд.

Таъини ҷаноби Атоев ба ин мақом дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи 5-уми апрел Давлат Назриев дар поёни як брифинги хабарӣ эълом дошт, ки вазорати хориҷии Тоҷикистон ӯро ба унвони дипломат дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус баргузидааст.

Бо он, ки Давлат Назриев дар мавриди ба кадом мақом тайъин шуданаш дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус изҳори беиттилоӣ кард, аммо гуфта мешавад, ки вай ба унвони мушовири сафир баргузида шудааст. Давлат Назриев қаблан ҳам дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус анҷоми вазифа мекард.

Зимнан, Давлат Назриев муддати шаш соли ахир дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба унвони сухангӯ ё сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ифоаи вазифа кардааст.
XS
SM
MD
LG