Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтӣ чаро фирор кард?


​Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар сурати дарёфти номаи расмӣ истирдоди Раҳматуллоҳ Эгамбердиев аз Қазоқистонро дар миён хоҳанд гузошт. То ҳоло маълум нест, муфтии собиқи Қирғизистон чаро аз кишвараш фирор кардааст?

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар сурати дарёфти номаи расмӣ аз сӯи ҳамтоёни қазоқи худ мавзӯи истирдод (экстрадитсия)-и Раҳматуллоҳ Ҳоҷӣ Эгамбердиев -- муфтии собиқи ин кишварро, ки барои напардохтани андоз муттаҳам шуда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буд, баррасӣ хоҳанд кард. Эгамбердиев бо дархости Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 29 март дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ дастгир ва ҳоло бо қарори додгоҳи Сариоғош дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Раҳматуллоҳ Эгамбердиеви 37-сола моҳи декабри 2012 ба курсии муфтии Қирғизистон нишаст ва танҳо баъд аз як соли он, дар пайи ба интернет роҳ ёфтани навори робитаи маҳрамонааш бо зане, истеъфо дод.

Аз ин пеш ӯ муовини раиси муфтиёти Қирғизистон буд ва раёсати муносибатҳои байналмилалии ин ниҳодро бар дӯш дошт. Ин аст, ки мақомот ӯро барои напардохтани андоз аз ҳисоби маъракаи ҳаҷ-2012 муттаҳам мекунанд. Чунин иттиҳом нисбат ба Чубак Ҳоҷӣ Ҷалилов, муфтии вақти Қирғизистон, низ эълон шудааст.

Аммо Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон, моҳи майи соли 2014 аз баҳри молиёте, ки бояд аз ҳисоби маъракаи ҳаҷ ба буҷаи ин кишвар ворид мешуд, гузашт. Чубак Ҳоҷӣ Ҷалилов он вақт гуфта буд, "дар ин ҷо дуздии пул не, балки номувофиқатии қонунҳост."

Вақте давлати Қирғизистон аз баҳри андозе, ки бояд аз ҳисоби маъракаи ҳаҷ-2012 ба буҷаи ин кишвар ворид мешуд, гузашт, чӣ водор кардааст, то Раҳматуллоҳ Эгамбердиев аз ин кишвар фирор кунад?

Узви созмони "Шӯрои кӯҳансолон" Ҷафарбек Тойчубеков, ки ба таври хусусӣ ҷараёни маъракаи ҳаҷ дар Қирғизистонро таҳқиқ мекунад, ба ин бовар аст, ки бархе аз вакилону мақомдорони қирғиз аз масъулони маъракаи ҳаҷ "доля" мегиранд ва набудани муфтии собиқ ба нафъи онҳост. Ба қавли ӯ, дар сурати мунсифона баррасӣ шудани ин парванда чандин нафари мақомдор пушти панҷара хоҳанд рафт.

Худи муфтии собиқи Қирғизистон, ки ҳоло дар боздоштгоҳе дар вилояти Қазоқистони Ҷанубист, изҳор доштааст, маҷбур буд аз Қирғизистон фирор кунад ва дар Қазоқистон паноҳ бубарад. Ӯ гуфтааст, хатар ба ҷонаш таҳдид мекард.

Сару садоҳо дар атрофи боздошти собиқ муфтии Қирғизистон Раҳматулло Эгамбердиев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00

Эгамбердиев дар оғози соли гузашта дар пайи ба интернет роҳ ёфтани як навори видеоӣ, ки равобити маҳрамонаи ӯро бо як зани ҷавон намоиш медиҳад, аз мақомаш ифтеъфо дод. Ӯ ин робитаи ҷинсиро тасдиқ кард, аммо гуфт, ки ин хонум зани дувумаш аст. Аммо қонунҳои Қирғизистон бисёрзаниро иҷоза намедиҳад.

Эгамбердиев моҳи декабри соли 2012 муфтии Қирғизистон интихоб шуд, бо вуҷуди он ки бар зидди вай даъвоҳои пардохт накардани андоз садо дода буд. Дар давоми 5 соли охир дар Қирғизистон барои ришвахорӣ 5 муфтӣ аз мақоми худ барканор шудаанд. Ягон муфтии Қирғизистон натавонистааст, мӯҳлати панҷсолаи кори худро ба поён расонад.

XS
SM
MD
LG