Абдулмаҷид Чупалаев, ронандаи 65-солаи мусофирбар дар Махачқалъа аст. Cе сол аст ҳар ҷумъа ва рӯзи иди Қурбон аз мусофирон роҳкиро намегирад. Чаҳор бор сактаи дил ва ду дафъва сактаи мағзӣ шудааст. Худоро шукр мегӯяд, ки зинда аст. Барои ҳамин барои мусофиронаш кори хайр мекунад. Ҳарчанд дасти чапи дуруст кор намекунад, вале ӯ мошин меронад ва намоз мехонад.
Назари мусофирон ба эълони дохили мусофирбар, ки “ҳар рӯзи ҷумъа сафар ройгон аст” гуногун аст. Баъзеҳо шигифтзада мешаванд, дигарон ба ронандаи сахӣ ташаккур мегӯянд. Ҳамкорони Абдулмаҷид амалашро эҳтиром мекунанд, вале барои пайравӣ ба ӯ омода нестанд.
Аз ин пеш дар яке аз сӯҳбатҳояш Чупалаев гуфт, орзу дорад, фаризаи Ҳаҷро адо намоя. Мусоҳибаи ӯро Фотима Султонова раҳбари тарҳи Ҳаҷи умра низ тамошо кардааст. "Дар бораи бобои Абдулмаҷид барвақт шунида будам, фикр кардам, ба ӯ роҳхати Ҳаҷро тӯҳфа кардаанд. Аммо маълум шуд, ки орзуяш амалӣ нашудааст ва мо тасмим гирифтем, барояш маблағ ҷамъ кунем. Маблағ дар як рӯз ҷамъ шуд. "
Баъди шунидани ин хабар, ки баъди ним сол метавонад, ба зиёрати Ҳаҷ биравад, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Ӯ роҳхат ба Ҳаҷҷро ҳамеша бо худаш мегардонад.
Вақте ки президент аз Тоҷикистон ба ворух мошин рафта наметавонад бо верталент меравад давомашро худатон фаҳмиду гиритон ки ворух аз даст рафт
саҳа ҳам дуруғ ҳаст, барои мардуми қамбағал ҳаст. Мегуянд қонун барои камбағал ҳаст ин рост. Барои, чи журналист иҷозаи вуруд надоштааст магар ҳамин саҳа ҳомии демократия нест, суҳбати намояндаро, ки барои мо демократияро меомузад ин яне, чи? Ба ҷуз як бозии кудакона.
Аз акл бегонаи шудани ту низ ба мисли курбонгул бердимухамедов?
озоди иззат Амон.мухочир бадбинхо
СВОБОДУ ГЕРОЙ ТАДЖИКИСТАНА ИЗЗАТ АМАН ОЗОДИ ОЗОДИ ОЗОДИ