Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯшиши худкушии марди 50-сола дар Кӯлоб


Як сокини шаҳри Кӯлоб рӯзи чоршанбе, 6 март, дар саҳни ҳавлиаш дар Кӯлоб худро оташ зад.

Алишер Кабиров, сардухтури беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин мард бо ҷароҳатҳои сангин ба ин шифохона интиқол дода шуд. Сардухтур, ки исми ин мардро ошкор накард, гуфт, ӯ аз сараш бензин рехта худро оташ зад ва дар нитаҷа, 96 дар сади баданаш сӯхт. Ӯ гуфт, ки ба эътимоди онҳо, ин мард мехост бо ин роҳ даст ба худкушӣ занад.


Масъулони бемористон ва ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз сабаби кӯиши худкушӣ кардани ин мардро эълон накардаанд, аммо бовар меравад, ки вазъи сангини зиндагӣ ва мушкилоти хонаводагӣ сабаби даст ба чунин кор задани ӯ шудааст.

Пизишкон мегӯянд, тамоми талошро барои наҷоти ин мард равона хоҳанд кард. Ҳарчанд, ба таъкиди онҳо, то ҳол дар таҷрибаи онҳо чунин мавриде нашудааст, ки бо 96 дар сади бадани сӯхта инсон зинда монда бошад.

Ин мард, ки манзилаш дар маркази шаҳри Кӯлоб аст, соҳиби панҷ фарзанд буда, дар бозори ин шаҳр тиҷорат мекардааст.

Худкушии ин мард дар ҳолест, ки тибқи иттиллои Раёсати корҳои дохила худкушии мардон дар нисбати занон соли гузашта дар ҳоли афзоиш будааст.

Аз 87 ҳодисаи кушторе, ки дар як соли ахир иттифоқ афтодааст, 46 нафарашонро мардон ташкил додаанд, ки дар нисбат ба занон 5 нафар бештар будаанд.

Коршиносон низ моҷароҳои хонаводагӣ ва мушкилоти иқтисодиро сабабгори аслии худкушии мардон медонанд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG