Пайвандҳои дастрасӣ

Қабри Раҳмон Сафаралиевро баъди 25 сол шикофтанд. ВИДЕО


Пас аз 25 соли куштори Раҳмон Сафаралиев, имоми собиқи ноҳияи Ҳисор, қабри ӯро шикофта, шаш оҳанпора ва ду устухони оринҷашро барои ташхис берун овардаанд. Мутахассисон гуфтанд, ки ин кор рӯзи 5-уми октябр бо талаби хонаводаи Раҳмон Сафаралиев ва бо нияти пайдо кардани қотилонаш сурат гирифт.

Мо вақте ҷасадро берун овардем, намояндаи ташхисгоҳ ба дасти ман оҳанрабо дод. Ӯ гуфт, дар ҳар ҷойи ҷасад гардон кунам. Хулоса, дар оҳанрабо шаш оҳанпораи монанд ба тири таппонча часпид

Хонаводаи Раҳмон Сафаралиев иддао доранд, ки ӯ моҳи декабри соли 1992 баъди зарбу лат дар боздоштгоҳи идораи умури дохилӣ ба қатл расонда шудааст ва дар ин кор ангушти иттиҳомро ба тарафи раиси собиқи ноҳияи Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров баланд кардаанд.

Бурҳон Сафаралиев, фарзанди Раҳмон Сафаралиев, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қабр дар ҳузури 6 корманди идораҳои интизомӣ ва додгоҳӣ боз шуда, ҷасад мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. “Мо вақте ҷасадро берун овардем, намояндаи ташхисгоҳ ба дасти ман оҳанрабо дод. Ӯ гуфт, дар ҳар ҷойи ҷасад гардон кунам. Хулоса, дар оҳанрабо шаш оҳанпораи монанд ба тири таппонча часпид”, - нақл кард ӯ.

Ба қавли Бурҳон Сафаралиев, бар иловаи оҳанпораҳо ду устухони оринҷ низ барои ташхис гирифта шудааст. То замоне ки ташхиси қабр идома дошт, намояндагони додситонӣ ва ташхисгоҳ нахостанд, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар маҳал қарор доштанд, суҳбат кунанд. Мақомот вақти берун шудан аз қабристон ба таври кӯтоҳ гуфтанд, ки “танҳо баъди маълум шудани ташхис, шарҳи худро ироа хоҳанд кард”.

Зимнан, мақомоти тафтишот аз соати 9-и субҳ то 15-и баъд аз зуҳри панҷуми октябр дар қабристони Қалъаи Ҳисор ба кандани қабр ва омӯзиши ҷасад машғул буданд. Икром Мирзошарифов, муфаттиши додситонии ноҳияи Ҳисор дар сӯҳбати қаблӣ бо Радиои Озодӣ низ гуфта буд, ки ба хотири халал наёфтани ҷараёни тафтишот, аз шарҳи қазия худдорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Бурҳон Сафаралиевро рӯзи гузашта мақомоти додситонии ноҳияи Ҳисор даъват карда ва аз ӯ хостаанд, либосҳоеро, ки падараш дар вақти боздошт дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ба бар карда буд ва то имрӯз аз сӯи хонавода нигаҳдорӣ шудаанд, биорад. Бурҳон Сафаралиев гуфт, он замон падараш латту кӯб ва азият шудааст, дар натиҷа либосҳояш даридаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Бурҳон Сафаралиев, вақте ба назди муфаттиш рафт, Ҷамолиддин Мансуров, раиси пешини ноҳияи Ҳисорро дид, ки баёнот медод. Зимнан, додситонии Ҳисор бар асоси аризаи Бадриддин Сафаралиев, писари дигари Раҳмон Сафаралиев, сокини ин ноҳия, ки мехоҳад бо гузашти 25 сол аз қатли падараш дастандаркорони марги ӯро ошкор кунад, санҷишро оғоз кардааст. Писари Раҳмон Сафаралиев дар қатли падараш Ҷамолиддин Мансуров, раиси собиқи ноҳия ва вакили пешини порлумон ва чанд мақоми онвақтаи Ҳисорро гумонбар медонад.

Ба иттилои мақомоти додситонии ноҳияи Ҳисор, тайи як ҳафтаи ахир дар робита ба ин куштори 25 соли пеш аз чаҳор нафар баёнот гирифта шуд. Додситонии ноҳияи Ҳисор мегӯяд, пас аз анҷоми пурраи пурсиши шоҳидон ва омӯзиши санадҳои дигар тасмим хоҳанд гирифт, ки бо ин парванда чӣ кор кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG