Бар асари резиши санг дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ як сокини ноҳияи Рӯшон ҷон бохта, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳодиса шомгоҳи 8-уми январ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) рух додааст.
Асомуддин Шокиров, муовини раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар умури сохтмон рӯзи сешанбеи 9-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ду рӯз ба ин тараф ҳаракат дар ин шоҳроҳ бинобар сангрезӣ қатъ шуда, мошинҳову мусофирони зиёде дар ду самт ҷамъ шуда буданд.
Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ягона масирест, ки дар фасли сармо пойтахтро ба вилояти Бадахшон мепайвандад.
Ба гуфтаи вай, пас аз пок кардани қисмате аз роҳ, ба мошинҳо иҷозаи ҳаракат дода шуд ва соатҳои тақрибан 19-и шаб сангпора аз боло ҷар шуда, ба "Старекс"-и сокинони Бадахшон, ки аз самти Кӯлоб ба тарафи Дарвоз дар ҳаракат буд, бархӯрдааст. Ин масъули ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфт, ки бар асари ин ҳодиса ронандаи ин "Старекс" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, чаҳор нафар аз мусофирони он ҷароҳат бардоштанд.
“Тайи ду рӯз мешавад, ки дар километри 224-уми резиши санг ба амал омада истодааст. Мо дирӯз роҳро тоза кардем ва як қисмати мошинҳои дар ҳамон мавзеъбударо иҷозат додем, онҳо гузаштанд. Дар ин ҳолат боз сангрезӣ ба амал омада, як курасанг "Старекс"-ро мезанад, ки дар даруни он сокинони Бадахшон буданд ва ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва дигарон каме ҷароҳат мебардорад. Ҳоло резиши санг мушоҳида мешавад. Мо бо кӯмаки Вазорати нақлёт роҳро тоза дорем”,--гуфт мусоҳиби мо.
Дар ҳоли ҳозир ҷасади Манучеҳр Раҳматулоеви 30-сола, ки бар асари ин ҳодиса ҷон бохт, ба Рӯшон интиқод дода шудааст ва қарор аст, имрӯз дар зодгоҳаш ба хок супурда шавад. Нусратулло Раҳматуллоев, амаки Манучеҳр Раҳматуллоев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "санг ба болои мошин омада мезанад, дар ҳамон ҷо Манучеҳр ба ҳалокат мерасад. Ҳамон замон роҳсозон ӯро берун мебароранд ва боқимондаҳоро ба бунгоҳи тиббӣ мебаранд. Ҳоло мо ҷасадро ба зодгоҳаш Рӯшон интиқол додем."
Ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ афтод, ки аз ду рӯз ба ин тараф шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баста мебошад ва даҳҳо мошин дар Бадахшону шаҳри Кӯлоб дар мондааст.
Ин роҳ дар фасли сармо ягона масирест, ки пойтахтро ба вилояти Бадахшон мепайвандад. Молу коло аз Чин низ аксаран аз тариқи ҳамин роҳ ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Шералӣ Ганҷалзода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми январ гуфт, ки мутахассисони ин ниҳод барои пок ва безарар кардани роҳ сафарбар шудаанд.