Вазорати умури хориҷии Олмон мегӯяд, ки Иттиҳодияи Аврупо қасд дорад вазири умури хориҷии Эронро барои гуфтугӯ дар мавриди эътирозҳои густурдаи ахир дар Эрон, даъват кунад. Зигмар Габриэл, мегӯяд, ин тасмим пас аз баҳсу баррасӣ бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гирифта шудааст.
Мақомҳои баландпояи Эрон, аз ҷумла раҳбари ин кишвар, бархе кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрикоро ба даст доштан дар эътирозҳои ахир муттаҳам кардаанд.
Оқои Габриэл рӯзи якшанбеи 7-уми январ ба шабакаи телевизионии Олмон гуфтааст, якҷо бо масъули баландпояи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерико Магеринӣ тасмим гирифта шуд, ки вазири умури хориҷии Эрон даъват шуда, дар мавриди эътирозҳои ахир дар он кишвар гуфтугӯе сурат бигирад.
Вазири умури хориҷии Олмон гуфтааст, ки эҳтимол дорад "ҳафтаи оянда" ин музокирот анҷом шавад. Аммо вай дар бораи ҷузъиёти ин музокирот ишорае накардааст. Вазири умури хориҷии гуфтааст, ки аз ҳамон оғози эътирозҳо ба ин масъала таъкид доштанд, ки бояд озодии баён эҳтиром шавад ва ҳукумати Эрон аз ҳаққи мардум ҳимоят кунад.
Хабаргузории "Франс-пресс" мегӯяд, Зигмар Габриэл аммо дар идома гуфтааст, ки Берлин қасди пайравӣ аз суханони матраҳшуда аз сӯи президенти Амрикоро надорад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзҳои гузашта борҳо аз эътирозгарон дар Эрон ҳимоят карданд. Оқои Трамп чанд рӯз пеш дар "Твиттер" гуфта буд, "эҳтироми фаровон барои мардуми Эрон, ки дар талош барои бозпас гирифтани (кишвар аз даст) ҳукумати фосидҳо ҳастанд. Шоҳиди ҳимояти бузурги Амрико дар замони муносиб хоҳед буд!"
Габриел мегӯяд, ки Олмон ва Фаронса "дар мавриди иқдомот барои истифодаи абзорӣ аз кашмакашҳои дохилии Эрон, ҳушдор додаанд."
Рӯзи ҷумъаи 5-уми январ нишасти Шӯрои Амнияти СММ бо дархости Амрико дар робита бо ҳодисаҳои Эрон баргузор шуд ва намояндаи доимии Амрико дар СММ хонум Никки Ҳейли аз эътирозгарон дар Эрон ҳимоят кард ва гуфт, ки онҳо ба кӯмаки ҷаҳон ниёз доранд. Вай гуфта буд, ки нооромиҳо дар Эрон на фақат ба ҳуқуқи башар, балки ба сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ ҳам таъсир мегузорад.
Аз сӯи дигар, Фаронса, аз муттаҳидони Амрико ва кишвари дигаре, ки соҳиби ҳаққи вето дар Шӯрои Амният аст, эълом кард ҳодисаҳои Эронро намешавад "хатаре барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ" донист. Сафири Фаронса дар СММ гуфтааст, "ҳар қадар ҳодисаҳои ахири Эрон нигаронкунанда бошад, дар ҳадде нест, ки онро хатаре барои амният ва сулҳи ҷаҳонӣ биномем."
Нишасти Шӯрои Амният бо эътирози Эрон рӯбарӯ шудааст. Мақомҳои баландпояи Эрон, аз ҷумла раҳбари ин кишвар, бархе кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрикоро ба даст доштан дар эътирозҳои ахир муттаҳам кардаанд. Мақомҳои амрикоӣ, аз ҷумла сафири Амрико дар СММ, раиси созмони истихбороти Амрико - CIA ва мақомҳои баландпояи дигари ҳукумати он кишвар ин иттиҳомотро радд кардаанд ва мегӯянд, эътирозҳо бинобар норизоятии шаҳрвандон аз вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Эрон сар задааст.
Эътирозҳои Эрон ҳудуди даҳ рӯзи қабл оғоз шуд ва дар муддати кӯтоҳ ба шаҳрҳои гуногуни Эрон густариш ёфт. Дар оғоз эътирозгарон беҳбуди ваъи иқтисодиро аз ҳукумат талаб мекарданд ва сипас ин раҳпаймоиҳо ҷанбаи сиёсӣ гирифт ва эътирозгарон алайҳи раҳбар ва ниҳодҳои Ҷумҳурии исломӣ шиор сар медоданд. Бинобар гузоришҳо, дар эътирозҳои ахири Эрон 21 нафар кушта ва садҳо нафар боздошт шудаанд.
Э чум намедонм чи бгум.хайрони зор шидам
Илтимос ба хамин марди майдон ягон хона вагон падарка кунетон
Дар кадом тарафи тарозу пули вазнинтар бошад суд тарафи хамон
Кариб хамаи давлатои араб салафи мебошанд. Аз ин мебарояд, ки хатман робита ба ин давлатхои салафи барканд. Ба ин чи мегуи?
Асалан чуни Комиссияхо, бахусус комиссияхо бо номи химояи хукуки башар ба манфиати кишвархои абаркудрат ба монанди Амрико кор мекунанд. Онхо бо максади ба манфиату хадафхои худ расидан, чунин Созмону Комиссияхоро ташкил медиханд ва ё коршиносони алохидаро дар ин самт чалб мекунанд. Ва бо бахонаи химояи хукуи башар, аз чумла демократия, озодии баён, озодии дин, хатто озодии чинси, ки ба миллату дину мазхаби мо умуман рост намеград, бини халонида бар хар кишвар дахолат мекунанд. Намояндаи Кумитаи дин дуруст кайд кардааст, ки пеш аз он, ки як кишварро аз чихати вазъи диниааш бахо медиханд, бояд омода тахкикот гузаронанд, на ин ки аз руи ду се хабари интернети, ки хар шахс метавонад, аз нигохи худ нависад, онро ба инобат гирифта бахо диханд. Бале дар Точикистон баъзе махдудиятхо вучуд дорад, масалан наврасони то 18 сола бояд ба масчид нараванд. Лекин конунгузори онхро аз тоату ибодат хондани намоз дар хона манъ накардааст. Ё ин ки айни хол афроди то 40 сола ба Хачи фарзи рафта наметавонад, ин хам бошад эхтиром ба калонсолон, ки онхо солхурда хастанд ва довталабон дар ин синну сол зиёданд. Гузашта аз ин квотаи чудонамудаи Арабистон имконият намедихад, ки зиёда аз 6000 нафар дар як сол аз Точикистон ба Хачи фарзи раванд. Агар дар оянда ин теъдодро Арабистон зиёд кунад, мумкин синну соли мукарраршуда поён равад ва ё аз байн бардошта шавад. Новобаста аз ин, ахолии кишвархои хамсоя аз мо ду се маротиба зиёд хасанд, лекин теъдоди ба Хачи фарзи мерафтаи онхо аз мо кам мебошад. Ё ин ки дар мо зиёда аз 4 хазор масчид фаъолият мекунад, лекин дар Узбекистону Казокистон, ё Туркманистону Киргизистон бо вучуди зиёд будани ахолиашон, масчидхояшон аз мо кам мебошад. Барои чи чунин Комиссияхо ё Созмонхои химоят аз хукуи башар ба ин бахо намедиханд.