Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти нав дар Гурҷистон


Ҳазорон нафар аз тарафдорони аҳзоби мухолифи давлати Гурҷистон имрӯз дар майдони назди порлумони кишвар тазоҳурот барпо карданд. Онҳо талаб карданд, ки интихоботи порлумонии моҳи май ба таври озод ва бе хилофкорӣ баргузор гардад. Мухолифони Гурҷистон мегӯянд, интихоботи президентии 5 январ бо қонуншиканиҳо ҷараён гирифта, барои Михеил Саакашвилӣ даври дувуми раёсатҷумҳуриро таъмин кард. Аммо нозирони байнулмилал интихоботи президентро ба сурати умум озод ва одилона номидаанд. Оппозисюн инчунин ширкати баробар дар шӯрои машваратии телевизиони давлатии Гурҷистон ва дастрасии баробари номзадҳоро ба расонаҳои ахбори ом талаб кардааст.
XS
SM
MD
LG