Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди марг ба хабарнигори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ


Хабарнигори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар Хорватия, Драго Ҳедл барои гузоришҳояш дар бораи муҳокимаи ҷинояткорони ҳарбии Югославии собиқ таҳдиди марг гирифтааст. Ҳедл, собиқадори журнализми пажӯҳишӣ ҳамчунин ноиби сардабири ҳафтаномаи "Ферал Трибюн" низ мебошад ва 13 соли охир асосан ба омӯзиши ҷиноятҳои ҷангии Балкан машғул будааст. Ҳафтаи гузашта дар чанд занги телефонӣ ва як нома, афроди номаълум аз ӯ талаб кардаанд, мавзӯъро қатъ кунад. Ҳодисаҳое, ки Ҳедл гирдоварӣ кардааст, ба далелҳои додгустарӣ низ табдил ёфтаанд ва ӯ мегӯяд, аз таҳдидҳо ҳарос нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG