Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе тарҳи неругоҳи барқи ангиштӣ баррасӣ мешавад


Тибқи иттилоъи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, як гуруҳи сенафарии коршиносони соҳаи энержии ИМА ахиран вориди Душанбе шуданд ва бо мақомоти ҳукумати Тоҷикистон масъалаи омодасозии тарҳи коркарди кони ангишти Фон-Яғноб ва бунёди як неругоҳи барқи ангиштиро баррасӣ намуданд.

Ҳамин сарчашма ба истинод аз назари намояндагони гуруҳи коршиносони амрикоӣ менависад, дар сурати қабул шудан ва дарёфти сармоя барои амалисозии ин неругоҳ, ки ангишт неруи барқ тавлид хоҳад кард, он метавонад аз 1200 то 1500 мегаватт неруи барқ барои истеъмолкунандагони дохилӣ ва барои содирот ба Афғонистону Покистон истеҳсол кунад.

XS
SM
MD
LG