Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарба ба мафия дар ду соҳили уқёнуси Атлантик


Дар ҷараёни амалиёти муштараки полиси ИМА ва Италия даҳҳо шахси муттаҳам бо узвият дар гурӯҳи муташаккилонаи ҷиноӣ боздошт шуданд.
Онҳо бо қочоқи маводи мухаддир дар ду тарафи уқёнуси Атлантик муттаҳам мешаванд. Вазорати корҳои дохилии Италия мегӯяд, мақомот 30 муттаҳамро дар Италия ва 60 нафари дигарро дар Нюйорк таъқиб мекарданд.
Ба гуфти мақомоти Италия ин бахше аз амалиёти "Пули кӯҳна" мебошад. Ҳамаи муттаҳамҳо узви гурӯҳи Салваторе Ло Пиколо: раиси мафияи нимҷазираи Ситсилия ва ба истилоҳ оилаи ҷиноии Гамбинои Нюйорк мебошанд. Ло Пиколо моҳи ноябри гузашта ба ҳабс гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG