Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дустум бо одамрабоӣ муттаҳам мешавад


Додситони кулли Афғонистон мегӯяд, ки ӯ нақша дорад, бар зидди Абдурашид Дустум-фармондеҳи узбактабори шимоли Афғонистон, бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноӣ боз намояд. Рӯзи шанбеи 2-уми феврал Акбарбой- собиқ раҳбари маъракаи интихоботии Дустум, муддате рабуда шуд.
Абдуҷаббор Собит ба Радиои Афғонистон озод гуфт, Дустум, ки мансаби раиси ситоди сарфармондеҳи артиши миллии Афғонистонро бар дӯш дорад, бо одамрабоӣ ва чанд ҷинояти дигар муттаҳам мешавад.
Вале Собит афзуд, ӯ бовар надорад, ки парванда то додгоҳ мерасад, зеро ҳабси Дустум метавонад шимоли Афғонистонро ноором кунад.
Рӯзи якшанбе дар Кобул полиси афғон хонаи Дустумро ба муҳосира гирифта буд. Тибқи хабарҳо пеш аз он Дустум ва тахминан 50 силоҳбадаст зӯран ба хонаи Акбарбой юриш карда буданд.
Соли 2001-ум Дустум ба нерӯҳои ИМА ҳамроҳ шуда, бар зидди Толибон қиём намуд. Умуман, дар давоми 30 соли ҷанги дохилии Афғонистон Дустум борҳо муттафиқонашро тағйир додааст.
XS
SM
MD
LG