Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шуришиёни Чад ба пойтахт даромадаанд


Ҳерв Морин-вазири дифоъи Фаронса таъйид кард, ки заду хурд миёни нируҳои шуришии Чад бар зидди нируҳои давлатӣ идома дорад ва нируҳои шуришӣ вориди шаҳри Н,Ҷамена шудаанд. Бино ба хабари вазорати дифоъи Фаронса, шуришиёни Чад ба Кохи раёсати ҷумҳурӣ наздик шудаанд. Хабарҳои дигар ҳокист, ки қисмати бештари ин шаҳр зери назорати шуришиён даромадааст. Пахши барномаҳои радиоӣ қатъ шудааст. Дар кишвари Чад ҳудуди 2 ҳазор низомиёни Фаронса мустақаранд ва 2 ҳазор ғайринизмии дигари Фаронса дар он ҷо кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG