Рузи шанбе дар баъзе кишварҳои Ховари Миёна ва Осиё иртиботи интернетӣ қатъ шуд. Сабаб ин будааст, ки севвумин сими иртиботи интернетӣ, ки дар Халиҷи Форс аз зери баҳр ба Дубай мегузарад, қатъ шудааст. Дар оғози ин ҳафта ду сими дигари зериобӣ низ қатъ шуда буд ва он сабаби қатъи иртиботи интернетӣ дар соҳили шимолии Миср шуд ва милёнҳо нафар дар шимоли Африқо низ аз истифодаи интернет маҳрум шудаанд. Сабаби қатъи ин се сими интернетӣ то ҳол рушан нашудааст.