Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада барои тамдиди ҳузураш шарт пеш гузошт


Канада будубоши неруҳои худ дар Афғонистонро фақат дар ҳоле тамдид хоҳад кард, ки дигар кишварҳои НАТО ҳам неруҳои худро ба манотиқи хатарноки Афғонистон интиқол диҳанд. Дар ин бора сарвазири Канада Стивен Ҳарпер изҳорот пахш кард. Айни ҳол дар вилояти Қандаҳор дуву ним ҳазор низомиёни канадагӣ мустақаранд. Мӯҳлати буду боши ин неруҳо соли 2009 ум поён меёбад ва тамдиди ин мӯҳлат – ваколати порлумони кишвар аст.

Тайи солҳои ахир дар Афғонистон 77 афсару сарбоз ва як дипломати канадагӣ ба ҳалокат расиданд. Дар манотиқи доғи шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон, ба ҷуз низомиёни Канада, ҳамчунин сарбозони амрикоӣ, бритониёвӣ ва ҳуландӣ мустақаранд.

XS
SM
MD
LG