Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсоя интиқоли гозро кам кард


Лӯлаи гоз дар вилояти Хатлон
Лӯлаи гоз дар вилояти Хатлон

Узбакистон интиқоли гоз ба Тоҷикистонро маҳдуд намуд. Сабаб он будааст, ки «Тоҷикгаз» ҳафт миллион доллари амрикоӣ қарздор шудааст.

Дар ин бора мудири кулли ширкати «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Муҳсиддинов иттилоъ дод.
Ӯ инчунин гуфт , ки дар ҳоли ҳозир Узбакистон ба Тоҷикистон ҳамагӣ 2 миллион метри мураббаъ гози табиъӣ медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қарордоди байнидавлатӣ миқдори гози интиқолшаванда бояд 3 миллион метри мураббаъ дар як шабонарӯз бошад.
Сарвари «Тоҷикгаз» ишора намуд, ки қарздорони асосии корхона феълан ду ширкати калони кишвар – «Барқи тоҷик» ва «Тоҷиксемент», мебошанд. Ба гуфтаи Ф. Маҳсиддинов, ин ширкат аз «Тоҷикгаз» мутаносибан $5 миллион ва $2,5 миллион қарздор ҳастанд. Сарвари «Тоҷикгаз» ҳамчунин таъкидан гуфт: «Агар ин муассисаҳо сари вақт қарзи худ ҷиҳати истифодаи гозро мепардохтанд, таъмини аҳолии кишвар бо гоз ҳоло пурра мебуд».
Дар ҳамин ҳол то имрӯз Тоҷикистон аз Узбакистон аз 650 миллион метри муккааб гози барои соли 2008 харидоришуда 50 милион метри мураббаъро қабул намудааст.
Дар чунин вазъи камбуди гармӣ ширкати «Барқи тоҷик» ба сокинони пойтахт «раҳм» намуда, интиқоли барқро ба навоҳии тобеъи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон ба қадри назаррас коҳиш додааст.
XS
SM
MD
LG