Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аннон ба музокирот даъват мекунад


Кофӣ Аннон, собиқ Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид ба хотири мусоидат дар ҳалли низоъи Кения вориди ин кишвар шуд. Ӯ аз раисиҷумҳури Кения Мваи Кибакӣ ва раҳбари мухолифин Раила Одинга даъват кард, ки ба хотири бурун рафтан аз бӯҳрони сиёсӣ ҳарчӣ зудтар сари мизи музокирот нишинанд.

Вазъ дар Кения баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 27 декабр ноором шуд. Мухолифин пирӯзии раисиҷумҳур Кибакиро эътироф намекунанд ва мегӯянд, ки Комиссиюни интихобот даст ба тақаллуби натоиҷи раӣъдиҳӣ задааст. Бар асари задухурдҳо дар Кения дасти кам 650 нафар ба ҳалкоат расидаанд.

XS
SM
MD
LG