Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International мухолифи сангсор дар Эрон аст


Созмони Афви байнулмилал - Амнести Интернешинал аз мақомоти Эрон даъват кард, ки иҷрои ҳукми қатлро тавассути сангандозӣ хотима диҳанд. Дар гузориши нави ин созмон, ки ҳама гуна ҳукми қатлро маҳкум мекунад, ҳукми сангандозӣ ба ҳайси муҷозоти хеле зишт арзёбӣ шудааст. Ин созмон мегӯяд, ки алорағми манъи ҳукми эъдом нисбати ҷиноёти мисли зино ва хиёнати оилавӣ, июли соли гузашта як марде ба сангандозӣ маҳкум шуд. Ҳоло як зани дигар бо чунин ҷиноят интизори ҳукм ба сар мебарад. Гурӯҳи ҳуқуқи башар инчунин аз мақомоти Эрон тақозо кардааст, ки зиноро аз феҳрасти ҷиноятҳо соқит кунад.
XS
SM
MD
LG