Мақомоти умури дохилии шаҳри Маскав иттилоъ медиҳанд, ки рӯзи якшанбе дар ҳавлии кӯчаи ҳайкалтарош Мухин, воқеъ дар қисмати ҷанубу ғарбии пойтахти Русия, дар дохили як микроавтобус ҷасади ронандаи он: шаҳрванди 45 солаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд. Ходимони умури дохилӣ ва табибон дар тани ин муҳоҷири тоҷикистонӣ шаҳодати зарбу лат наёфтаанд. Сабаби маргро ташхиси тиббӣ муаян хоҳад кард.